Ифтитоҳи пули роҳи оҳан ва гулгашти нав дар пойтахт

Бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат боз як қатор иншооти нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар бурриши кӯчаи Моёншо Назаршоев ва Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур пас аз азнавсозӣ пули роҳи оҳан ва автомобилгард ба истифода дода шуд. Маблағи умумии лоиҳа  беш аз […]

Asia-Plus

Бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат боз як қатор иншооти нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар бурриши кӯчаи Моёншо Назаршоев ва Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур пас аз азнавсозӣ пули роҳи оҳан ва автомобилгард ба истифода дода шуд. Маблағи умумии лоиҳа  беш аз як миллиону чорсад ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи лоиҳаи азнавсозии пули мазкур, ду ҷониби роҳ бо панҷараҳои мунаққаш панҷарабандӣ гардидааст. Тамоми қисмҳои ороишии пул бо чароғакҳо зиннат дода шудаанд, ки шабона ба он намуди басе зебову дилоро зам менамояд.

Бо иштироки Рустами Эмомалӣ ҳамчунин гулгашти назди Истгоҳи Роҳи оҳан то маҷмааи меъмории муҷассамаи Садриддин Айнӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Гулгашти мазкур аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пурра азнавсозӣ гардида, он дар масоҳати наздики 14 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Маблағи умумии лоиҳа 7,8 миллон сомониро дар бар мегирад. Дар доираи корҳои азнавсозӣ, гулгашти мазкур комилан бозсозӣ шуда, дар ҳудуди он иншооти гуногуни хизматрасонӣ, истироҳатӣ ва фарҳангию фароғатӣ бунёд ёфтаанд.

Дар ҳудуди гулгашт фавораҳои ҳаракаткунандаи мусиқавӣ бо таҷҳизоти равшанидиҳанда сохта шудаанд. 4 фаввора, ки қаблан дар ҳолат ногувор қарор доштанд, таҷдид ёфта, пурра аз сангҳои мармар ва хоро дар масоҳати 1350 метри мураббаъ ороиш дода шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.