«Ямал» боз то октябр парвозҳояшро ба Тоҷикистон мавқуф гузошт

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии русиягии «Ямал» парвозҳояшро ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав то моҳи октябр мавқуф гузошт. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ширкати «Ямал» мақомоти авиатсионии ҷумҳуриро дар бораи оғози парвозҳояш аз моҳи октябр баъди анҷоми мавсими тобистонаи парвозҳо огаҳ кардааст. Аввали моҳи июл «Ямал» изҳор дошта буд, […]

Ширкати ҳавопаймоии русиягии «Ямал» парвозҳояшро ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав то моҳи октябр мавқуф гузошт.

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ширкати «Ямал» мақомоти авиатсионии ҷумҳуриро дар бораи оғози парвозҳояш аз моҳи октябр баъди анҷоми мавсими тобистонаи парвозҳо огаҳ кардааст.

Аввали моҳи июл «Ямал» изҳор дошта буд, ки аз нимаи моҳи сентябр ба парвозҳояш ба самти Тоҷикистону Қирғизистон шурӯъ мекунад. Муовини директори тиҷоратии ширкат Иля Лебедев он замон ба ВАО иттилоъ дода буд, ки баъди дастрасии иҷозаи парвоз ширкат муддати тӯлонӣ бо сабаби ҷараёни дурударози мувофиқасозии хатсайрҳо, ба оғози фурӯши билетҳояш имкон надошт.

«Билетҳоро пешакӣ фурӯхтан лозим аст ва мо тасмим гирифтем, ки аз 15 сентябр ба парвозҳо оғоз мекунем», – гуфта буд он замон Лебедев ба РИА Новости.

Ӯ қайд кард, ки ширкати «Ямал» дар як ҳафта аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва Бишкеку Ош семаротибагӣ парвоз анҷом медиҳад. Арзиши билетҳои ширкат ба хатсайрҳои самти Хуҷанду Душанбе ва бозгашт алҳол маълум нест.

Ширкати ҳавопаймоии «Ямал» ба иҷрои парвозҳо ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд аз 1 июли соли равон иҷозатнома гирифт. Баҳсҳо миёни мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия рӯи ин масъала қариб ним сол дома ёфтанд: моҳи декабр Тоҷикистон ба иҷрои парвозҳои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистон иҷоза надода, дар навбати худ, Русия ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русия маҳдудият ҷорӣ кард.

Зимни гуфтушунидҳои моҳи январ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо оғози мавсими тобистон (26 март) ба ширкати «Ямал» барои парвозҳо ба Тоҷикистон иҷозат дода мешавад ва дар ин робита, ҳамаи маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда нисбати ширкати «Сомон Эйр» бекор карда шуданд.

Аммо бо оғози мавсими тобистон Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати «Ямал», ки парвози ҳавопаймоҳояш ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро дар нақша дошт, парвозҳо ба шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаро пешниҳод намуда, ҷониби Русия ин пешниҳодро напазируфт.

Баъди ин Тоҷикистон ба амалисозии парвозҳои ширкати «Ямал» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд 2 маротибагӣ дар як ҳафта розӣ шуда, вале ин пешниҳодро ҳам Русия қабул накард. Ҷониби Русия парвозҳои ҳамарӯзаи ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Ямал» ва «Уралские авиалинии» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро мехост. Русия ба парвозҳои ширкати «Сомон Эйр» ба Маскав боз маҳдудият ҷорӣ кард, ки як моҳ идома ёфтанд.

Моҳи май маҳдудиятҳо бекор шуда, Тоҷикистон ба парвозҳои ширкати «Ямал» дар ҳамон ҳаҷми хостааш иҷоза дод, аммо ширкат ба анҷоми парвозҳо шитоб накард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Хуҷанд дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад