Президент раиси Суди иқтисодии Душанберо аз вазифа озод кард

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25 сентябри соли равон раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Сафармо Имомзода аз вазифааш озод карда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамчунин Мамлакат Очилзода аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ва Машрабзода Азим Карим аз вазифаи […]

Asia-Plus

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25 сентябри соли равон раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Сафармо Имомзода аз вазифааш озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамчунин Мамлакат Очилзода аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ва Машрабзода Азим Карим аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон бо хоҳиши худаш озод карда шуданд.

Рӯзи 25 сентябр ҳамчунин бо фармони Президенти Тоҷикистон сафири Тоҷикистон дар Австрия Идибек Қаландар ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ (Вена, Австрия) таъин карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.