Ду медали тиллои толибилмони тоҷик дар олимпиадаи байнулмилалӣ

Толибилмони тоҷик аз Литсей-интернати «Ҳотам ва П.В.»-и Тоҷикистону Русия дар Олимпиадаи байнулмилалии фосилавӣ аз фанни геометрия (ҳандаса) зинаи панҷумро ишғол карданд. Дар ин олимпида қариб 4 ҳазор нафар хонандагони мактабҳо аз 44 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Бино ба маълумоти иттилоияи расмии муассисаи таълимӣ, ин дафъа низ толибилмони навраси тоҷик исбот карданд, ки натанҳо яке аз […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Толибилмони тоҷик аз Литсей-интернати «Ҳотам ва П.В.»-и Тоҷикистону Русия дар Олимпиадаи байнулмилалии фосилавӣ аз фанни геометрия (ҳандаса) зинаи панҷумро ишғол карданд. Дар ин олимпида қариб 4 ҳазор нафар хонандагони мактабҳо аз 44 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.

Бино ба маълумоти иттилоияи расмии муассисаи таълимӣ, ин дафъа низ толибилмони навраси тоҷик исбот карданд, ки натанҳо яке аз беҳтаринҳо дар минтақа, балки дар саросари ҷаҳон низ мебошанд: онҳо 2 медали тилло ва 4 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Аз рӯи шумори медалҳо Тоҷикистон баъди Чину Эрон ва Русияву Ветнам зинаи панҷум ва тибқи шумори медали тилло ба ҳар як иштирокчӣ мақоми аввалро ишғол намуд.

Толибилмон Меҳрон Бобохонов, хонандаи синфи 11 ва Наимҷон Хонҷонов – хонандаи синфи 10-и литесйи мазкур ба гирифтани медалҳои тилло ва Абдурауф Ҳотамов, Замир Зарипов, Бахтовар Ҳотамов, Абӯбакр Усмонов ба касби медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд.

«Сатҳи душвории вазифаҳои пешниҳодшуда хеле баланд ва ба сатҳи мушкилии олимпиадаҳои ҷаҳонӣ мутобиқ буд, – омадааст дар маълумот. – Шветсия ягон медал ба даст наоварда, Финландия танҳо як медали тилло гирифт, вале толибилмони мо ба гирифтани 6 медал ноил гардиданд, ки дутояш тилло аст».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.