Иҷозаи харидории асъори хориҷӣ ба сокинони Ӯзбекистон

Мақомоти Ӯзбекистон харидории асъори хориҷиро барои сокинони худ тайи даҳ соли ахир бори нахуст аз 1 октябр иҷозат медиҳанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов дар суҳбат бо хабаргузории Reuters иттилоъ додааст. Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир, сокинони Ӯзбекистон метавонанд, асъори хориҷиро танҳо ба воситаи кортҳои […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти Ӯзбекистон харидории асъори хориҷиро барои сокинони худ тайи даҳ соли ахир бори нахуст аз 1 октябр иҷозат медиҳанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов дар суҳбат бо хабаргузории Reuters иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир, сокинони Ӯзбекистон метавонанд, асъори хориҷиро танҳо ба воситаи кортҳои пардохтии бонкӣ дар хориҷ аз кишвар бидуни маҳдудият харидорӣ кунанд.

Сарвазири Ӯзбекистон дар посух ба суоли хабарнигор дар бораи он ки ҳукумати ин кишвар поин бурдани қурби пули миллӣ – сӯмро идома хоҳад дод, ё не, гуфт, "инро бозор муайян хоҳад кард".

Дар Ӯзбекистон аз 5 сентябр ба шахсони воқеӣ иҷозат дода шуд, то асъори хориҷиро дар саррофиҳо фурӯшанд. Харидории асъори хориҷӣ танҳо ба воситаи кортҳои пардохтии байналмилалии бонкӣ дар хориҷ имкон дошт.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, баъди озод шудани хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар Ӯзбекистон тайи як ҳафтаи аввал шахсони воқеӣ беш аз 200 миллион ва шахсони ҳуқуқӣ ҳудуди 100 миллион долларо ба бонкҳо супоридаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.