Нишасти садамавии ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» дар фурудгоҳи Хоруғ

Ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр», ки аз шаҳри Хоруғ ба Душанбе раҳсипор гардида буд, баъди чанд муддате бозпас дар фурудгоҳи Хоруғ нишаст. Ин ҳодиса нимаи дуюми рӯзи душанбе ба вуқӯъ пайваста, яке аз муҳаррикҳои ягона ҳавопаймои Ан-28-и ширкат аз кор бозмондааст. Им муҳаррик ҳамагӣ чанде пеш аз таъмир бароварда шудааст. «Айни замон мо гуфта метавонем, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр», ки аз шаҳри Хоруғ ба Душанбе раҳсипор гардида буд, баъди чанд муддате бозпас дар фурудгоҳи Хоруғ нишаст.

Ин ҳодиса нимаи дуюми рӯзи душанбе ба вуқӯъ пайваста, яке аз муҳаррикҳои ягона ҳавопаймои Ан-28-и ширкат аз кор бозмондааст. Им муҳаррик ҳамагӣ чанде пеш аз таъмир бароварда шудааст.

«Айни замон мо гуфта метавонем, ки ин ҳолати ногувор ба нуқси техникӣ дар яке аз муҳаррикҳои ҳавопаймо рабт дорад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ кадоме аз мусофирони ҳавопаймои мазкур осеб надида, ҳамаашон тариқи чархболи Ми-8 ба Душанбе фиристода шуданд.

«Пас аз анҷоми санҷиши техникӣ, ки аллакай оғоз гардид, доир ба сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодиса маълумоти муфассалтар пешниҳод хоҳад шуд», – гуфт номбурда.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.