Рӯзи тиллоии дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёии Ашқобод

Дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод рӯзи 25 сентябр намояндагони Тоҷикистон 3 медали тилло ба даст оварданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, 2 медали тиллоро дар намуди самбо Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74 кг ба даст оварданд. Медали […]

Маркази матбуоти КМО Тоҷикистон

Дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод рӯзи 25 сентябр намояндагони Тоҷикистон 3 медали тилло ба даст оварданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, 2 медали тиллоро дар намуди самбо Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74 кг ба даст оварданд. Медали сеюми тиллоро Миҷгона Самадова дар намуди кикбоксинг сазовор шуд.

Гуфта мешавад, Акмалиддин дар вазни -57 кг нахуст Раҳматҷон Ахмедови ӯзбекистониро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод. Сипас, варзишгари мизбон Карим Аллануровро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард. Дар нимфинал бар варзишгари қирғиз Белек Бараканов ва дар финал бар варзишгари Муғулистон Марал-Ердана Чимедорҷ пирӯз шуд.

Зикр мегардад, ки Беҳрӯз дар вазни -74 кг аввал бар Ҷасим Ҳамид (Ироқ), сипас бар Роҳат Башимов (Туркманистон), баъдан Галимжан Абдрахманов (Қазоқистон) ва дар финал варзишгари дигари тоҷик Мубориз Мунавваровро мағлуб кард.

Ба иттилои манбаъ, Миҷгона дар вазни -60 кг, намуди "Kick Light” рақобатро аз чорякфинал оғоз кард. Нахуст бар варзишгари мизбон Майса Гупбикова, баъдан бар Зайнаб Ҷабборӣ (Эрон) ва дар финал бар варзишгари дигари мизбон Гулзада Ҷорақулиева дастболо шуд.

Дар ин рӯз варзишгарони Тоҷикистон ҳамчунин як медали нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро Мубориз Мунавваров дар вазни -74 кг-и самбо сазовор гашта, Фаридун Одилов дар самбои ҳарбӣ (-82 кг), Сиёвуш Ибрагимов (-69 кг) ва Далер Тӯраев (-79 кг) дар намуди кикбоксинг соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Ҳамин тариқ, дастаи Тоҷикистон бо касби 45 медал – 3 тилло, 11 нуқра ва 31 биринҷӣ миёни 65 дастаи иштирокчӣ зинаи 16-умро ишғол мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.