Тоҷики аз ҷониби посбонон дар Маскав латукӯбшуда аз бемористон рухсатӣ шуд

Наврӯз Зикиров, аробакаши тоҷикеро, ки рӯзи 20 сентябр аз сӯи посбонҳои бозори "Москва” дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав латукӯб шуда буд, аз бемористон ҷавоб додаанд. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, дар ҷараёни эътирозҳо ба ҳимоят аз ин аробакаши 27-сола, бино ба ҳисобҳо, то 350 нафар, аксаран тоҷикон боздошт шуданд. Дар дафтари маълумотдиҳии бемористони […]

Akhbor.com

Наврӯз Зикиров, аробакаши тоҷикеро, ки рӯзи 20 сентябр аз сӯи посбонҳои бозори "Москва” дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав латукӯб шуда буд, аз бемористон ҷавоб додаанд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, дар ҷараёни эътирозҳо ба ҳимоят аз ин аробакаши 27-сола, бино ба ҳисобҳо, то 350 нафар, аксаран тоҷикон боздошт шуданд.

Дар дафтари маълумотдиҳии бемористони клиникии рақами 68-уми шаҳри Маскав ба сомонаи "Ахбор” гуфтанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон Наврӯз Зикировро рӯзи 25 сентябр ҷавоб додаанд. Дар бемористон гуфтанд, ки "ба саломатии ӯ дигар хатаре таҳдид намекунад.”

Аз бемористон баромадани ин аробакаши тоҷикро дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” тасдиқ карданд.

Латукӯби Наврӯз Зикиров аз сӯи посбонҳои фурӯшгоҳи "Москва” дар минтақаи Люблинои пойтахти Русия дар ҳафтаи гузашта ба эътирозҳои то кунун бесобиқаи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав оғоз гузошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.