Боздошти як тоҷикистонӣ барои дуздӣ дар масҷиди ҷомеи Маскав

Мақомоти пулиси Русия як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар дуздӣ аз масҷиди ҷомеаи шаҳри Маскав боздошт намуданд. Гуфта мешавад, ин шаҳрванд дар Маскав ҷои доимии зист надоштааст. Нисбати гумонбаршуда мутобиқи моддаи дуздӣ парванда оғоз шудааст. Хабаргузории «Москва» бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин робита менависад, як намояндаи […]

Asia-Plus

Мақомоти пулиси Русия як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар дуздӣ аз масҷиди ҷомеаи шаҳри Маскав боздошт намуданд.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванд дар Маскав ҷои доимии зист надоштааст. Нисбати гумонбаршуда мутобиқи моддаи дуздӣ парванда оғоз шудааст.

Хабаргузории «Москва» бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин робита менависад, як намояндаи корхонаи хусусии посбонӣ дар ин хусус ба мақомоти пулис муроҷиат кардааст.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соати 3:50 дақиқа ин марди дар бинои масҷид ҳузурдошта ба дуздии 9550 рубл даст задааст. Сипас ӯро посбонон боздошт мекунанд. Маълум мешавад, ки ин шахс манзили зист надошта, зодаи Тоҷикистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.