Парвандаи ҷиноӣ нисбати 3 ширкате, ки тоҷиконро ба ғуломӣ сафарбар мекард

Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ нисбати роҳбарони 3 ширкате, ки ҷиҳати ба муҳоҷират ба Арабистони Саудӣ фиристодани тоҷикистониён машғул буданд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Дар маълумоти Прокуратури генералии ҶТ дар ин робита қайд мешавад, ки санҷишҳои прокурорӣ нишон додаанд, ки ҶДММ «Абдулкарим», воқеъ дар шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ 15/1, «Ҷамол-2012», воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, […]

Asia-Plus

Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ нисбати роҳбарони 3 ширкате, ки ҷиҳати ба муҳоҷират ба Арабистони Саудӣ фиристодани тоҷикистониён машғул буданд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Дар маълумоти Прокуратури генералии ҶТ дар ин робита қайд мешавад, ки санҷишҳои прокурорӣ нишон додаанд, ки ҶДММ «Абдулкарим», воқеъ дар шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ 15/1, «Ҷамол-2012», воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев 21/7 ва «Имкон-2015», воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Гулпарвар ба таъмини муҳоҷирон  бо кор машғул буда, дар давраи солҳои 2016 ва нимаи аввали соли 2017 шаҳрвандон Асаналишоева Ш.С., Сироҷова С.А., Келдиев Д.Г, Делаева Р.А.  ва дигаронро ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ  сафарбар намудааанд.

Гуфта мешавад, дар он ҷо онҳоро дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони араб берун аз бандҳои дар шартнома дарҷгардида ба корҳои маҷбурӣ ҷалб карда, музди маошашонро  пардохт накардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ин ҳолат, яъне барои хариду фурӯши одамон, бо мақсади суиистифодаи кор ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои ба ғуломӣ ҳамшабеҳ аз ҷониби кормандони ширкатҳои «Ҷамол-2012», «Имкон-2015» ва «Абдулкарим» бо моддаи  1301 қисми 2 бандҳои «г» ва «ё»-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот  дар ин самт идома  дорад.

Қобили зикр аст, ки қаблан шаҳрванди Тоҷикистон Шамсия Асаналишоева ки соли гузашта барои кор ба Арабистони Саудӣ рафтааст, ба Радиои Озодӣ изҳор дошта буд, ки азбаски бар хилофи қарордод ба ӯ кори зиёд мефармуданд, хост, корро бас кунад, аммо соҳиби хона бо талаби баргардондани 2 ҳазор долларе, ки барои ба кор гирифтани ӯ сарф кардааст, ӯро зери азобу шиканҷа гирифтааст. Баъдан бо мусоидати сафорати Тоҷикистон ӯ ба Ватан баргардонда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.