Муовини сарвазир: Ҳеҷ кас ҳуқуқи хато дар сохтмони Роғунро надорад

Asia-Plus

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор намуд, ки ҳеҷ кас ҳуқуқи хато карданро дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун надорад, зеро иншооти мазкур бояд садсолаҳо ба насли имрузу фардои кишвар хизмат расонад. Рӯзи 28 сентябр муовини сарвазир аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” боздид кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ӯ ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва сифати корҳои васлу насби толори мошин ва бинои трансформаторҳо баҳои мусбӣ дода таъкид кард, ки маҷмуи корҳои нақшавӣ бояд дар доираи меъёрҳо ва муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд анҷом ёбанд.

Ҳамчунин дар қитъаҳои корҳои сохтмонии садди бунёдшаванда, мавзеи қабати намак, корҳои сементкунонӣ, такшоншавию ҷаббиши об диққати аввалиндараҷаро ба сифати корҳои мустаҳкамгардонӣ равона намуда ба масъулин дастуру супоришҳои тахассусии мушаххас дод.

Намояндагони Фармоишгару Пудратчии НБО “Роғун” тасдиқ намуданд, ки тамоми корҳои вобаста ба мустаҳкамгардонии садд зери назорати мутахассисон қарор дошта, дар он ташхисҳои мутобиқат пайваста гузаронида мешаванд.

«Ҳеҷ кас ҳуқуқи хато карданро дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун надорад, зеро иншооти мазкур бояд садсолаҳо ба насли имрузу фардои кишвар хизмат расонад», – таъкид дошт муовини сарвазири кишвар.

Лозим ба ёдоварист, ки қариб як сол пеш Эмомалӣ Раҳмон якуним соат савори булдозер бо пеш кардани сангу шағал дар иваз кардани маҷрои дарёи Вахш саҳм гузошт.

Қобили зикр аст, ки ширкати итолиёвии Salini Impregilo муддати 13 сол сохтмони нерӯгоҳи Роғунро пурра ба анҷом мерасонад. Барои иҷрои ин корҳо ба ширкат 3,9 млрд. доллари ИМА маблағ дода мешавад.

Дар маҷаллаи ширкат дар ин робита зикр шудааст, ки барои амалисозии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун солҳои зиёд лозим буда, ширкат аллакай корҳои бунёди сарбандиву гиливу хокии нерӯгоҳ бо баландии 335 метрро оғоз кардааст ва барои сохтмони иншооти мазкур 1,95 млрд. доллари ИМА равона мегардад.

Дар Salini Impregilo таъкид месозанд, ки барои комилан амалисозии лоиҳа, яъне ба истифода додани ҳамаи 6 агрегати нерӯгоҳ, аллакай соли 2018 истеҳсоли нерӯи барқ дар ду агрегат ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамин тариқ, аз ҳисоби фурӯши нерӯи барқи истеҳсолшуда аз ин ду агрегат сохтмони минбаъдаи нерӯгоҳ идома ёфта, барои анҷоми пурраи сохтмони нерӯгоҳ 13 сол вақт зарур аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...