Дастури президент оид ба таъсиси портали интернетии маълумоти ҳуқуқӣ чаро иҷро намешавад?

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси портали интернетии маълумоти ҳуқуқӣ то 1 июли соли равон то ҳол иҷро нашудааст.

Масъулони иҷрои дастур Бонки исломии рушдро гунаҳкор медонанд, зеро маҳз ҳамин бонк ваъда додааст, ки таҷҳизоти зарурии иттилоотиро ба Тоҷикистон меорад.

«Бонки исломии рушд то имрӯз уҳдадории ба зимма гирифтааш дар мавриди таъмин бо технологияву барномаҳои марбут ба таъсиси сомонаро иҷро накардааст», – гуфт ба «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Тоҷикистон Мақсуд Низомӣ.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи қарордоди ҳосилшуда миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, барномаву технологияҳо барои таъсиси сомона аз ҳисоби Бонк таъмин карда мешаванд.

Ӯ аз ифшои маълумот дар бораи чӣ гуна воситаҳо ҷудо кардани Бонки исломии рушд ва кай ҳосил шудани қарордод дар ин бора худдорӣ варзида, лекин итминон дод, ки то охири сол портал мавриди истифода қарор мегирад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон айни замон ду сомонаи интернетӣ амал мекунанд, ки санадҳои ҳуқуқиро нашр мекунанд. Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ дар сомонаи www.mmk.tj тамоми қонуну кодексҳои аз ҷониби парлумон қабулшударо дар сомонаи худ ҷой медиҳад.

Дар сомонаи Вазорати адлия – www.adlia.tj тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бо шумули қарорҳои ҳукумат ва фармонҳои президент дарҷ шудаанд, вале дастрасӣ ба матнҳои пурраи ҳуҷҷатҳо пулакӣ аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...