«Тоҷик Эйр» сабаби таъхири парвозро тариқи хатсайри Душанбе – Маскав шарҳ дод

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Мусофироне, ки бояд шоми 3 октябр ба пойтахти Русия парвоз мекарданд, муддати 17 соат парвозро интизор шуданд.

«Сабаби ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймои бузургтарин дар Тоҷикистон – Boeing 767 –300, ки парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанберо анҷом медиҳад ва бояд шоми дирӯз ба пойтахти Русия парвоз мекард, нуқси техникӣ аст: рӯда (шланг)-и низоми гидравликӣ даридааст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» Азиз Хайруллоев, котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр».

Ба гуфтаи ӯ, рӯдаи дарида аллакай ба наваш иваз шуда, мутахассисон бори дигар ҳавопайморо аз назар гузарониданд ва айни замон он барои парвоз ба Маскав омода мешавад.

«Мусофирони ин хатсайр бо хӯроки гарму об таъмин гардида, ба 124 нафар дар меҳмонхонаи «Душанбе» ҷой дода шуд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки мусофироне, ки бояд аз Маскав ба Душанбе бо ҳавопаймои Boeing 767 –300 парвоз мекарданд, дар меҳмонхонаи Маскав ҷойгир карда шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...