Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзашро хоксорона дар кор ҷашн мегирад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Имрӯз, 5 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзашро ҷашн мегирад. Пешвои миллат имрӯз 65-сола шуд.

«Президент зодрӯзи худро хоксорона ҷашн мегирад, ӯ дар кор аст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ба унвони Сарвари давлат ворид шудани табрикот аз номи як қатор сарони кишварҳои дунё дар назар аст.

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.

Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.

Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.

19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардид.

Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад.

Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд аст.

Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонааш дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидааст.

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.

Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат боз як ҷоизаи олӣ-медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошад, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун ҳамчунин бо Унвони шаҳрванди ифтихории пойтахти Қирғизистон, Доктори ифтихории  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Профессори ифтихории фалсафаи Академияи умумиҷаҳонии тиббӣ, Ситораи тиллои Алберт Швейсер, Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи "Сарпарастони аср" -Ордени нахустини алмосдори  "Ситораи сарпараст", ордени "Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд", Медали тиллоии  "Барои таҳкими  сулҳу ризоияти байни халқҳо", Нишони рамзии Дани 5-уми камарбанди сиёҳи Карате-до, доктори  фахрии Донишгоҳи Ғозии шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия, Профессори фахрии Донишгоҳи Евразияи Остона ба номи Лев Николаевич Гумилев, Медали тиллоии давлати Миср, Ситораи ёқути сурх «Миротворец» (Сулҳовар), Нишони фахрии ИДМ, Ордени княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1-и Украина, Доктори фахрии  Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко, Ордени Шӯрои олимпии Осиё, Медали тиллоии ЮНЕСКО, Профессори фахрии  Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал, Ордени «3 Ситора дараҷаи 1»  бо занҷираи зарини Латвия, Ордени Ифтихории Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ, Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов, «Доктори фахрӣ» – и Институти  шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, Мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия – Медали тиллоии ба номи Николай Блохин, Мукофоти олии давлатӣ – Нишони Покистон, Ордени байналмилалии «Моҳи нав ва ситора», Мукофоти олии Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи тадқиқоти ядроии Федератсияи Русия-Медали тиллоӣ, Мукофоти олии давлатии Украина – орден «Барои хизматҳо» дараҷаи 1, унвони фахрии профессори  Донишгоҳи миллии кӯҳкории Украина ва медали тиллоии академик Терпигорев, Профессори фахрии Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиан, Шаҳрванди фахрии шаҳри Шанхани музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин, Медали тиллоии Кумитаи олимпии Чин, Мукофоти Давлати Кувайт ордени “Муборак Алкабир”, Мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени Ҳайдар Алиев, Ордени  Президенти Туркманистон Битараплик (Бетарафӣ), Профессори фахрии Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон, Доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлонои шаҳри Қуния, Медали “60 – солагии ЮНЕСКО”, Мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал-Қилод ал-Халифӣ”(ордени Подшоҳӣ), Профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Беларус, профессори фахрии Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия, профессори фахрии Донишгоҳи нафтию техникии Уфа, Профессори фахрии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS) (ш.Брюссел), Доктори фалсафа ва иқтисоди Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...