«Озодӣ»: Бузургмеҳр Ёров ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ интиқол ёфт

Радиои Озодӣ

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маҳкумшуда ба 28 сол зиндон, аз боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ (картсер) интиқол ёфтааст. Масъулон мегӯянд, ки ӯро барои нақзи тартибу низоми боздоштгоҳ ба картсер фиристоданд ва 15 шабонарӯз дар онҷо нигаҳ дошта хоҳад шуд.

Садриддин Шарифзода, як масъули Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе, рӯзи 4-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кардааст. Ӯ гуфт, ки Бузургеҳр Ёров се бор қоида ё тартибу низоми боздоштгоҳро вайрон кард ва бинобар ҳамин, барои 15 шабонарӯз ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ интиқол дода шуд. Ба қавли Шарифзода, Бузургмеҳр Ёров панҷ рӯз қабл ба картсер интиқол ёфтааст.

“Вақте бори аввал қоидаи СИЗО-ро нақз кард, огоҳӣ дода будем. Бори дувум танбеҳ гирифт. Инак, бори севум ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ фиристодем. Вале дар мавриди инки кадом қоридаи будубошро вайрон кардааст, шарҳ намедиҳам", – гуфт Садриддин Шарифзода. Ӯ дар идома гуфт, бо вуҷуди онки аз номи модараш хабарҳои бардурӯғ нашр шуд, масъулони СИЗО бо ӯ кордор нашуданд ва ҳеҷ чора наҷустанд. "Вале танҳо баъди онки қоидаи СИЗО-ро вайрон кард, ба картсер бурда шуд", – гуфт ӯ.

Аммо наздикони Бузургмеҳр Ёров рӯзи 4-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки имкон дорад ӯро баъд аз нашри хабарҳо дар мавриди азияту шиканҷааш дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба картсер, интиқол додаанд. Ҳуриннисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 4-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро рӯзи 29-уми сентябр ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ интиқол додаанд ва аз ӯ ҳеҷ хабаре надоранд.

Ҳуриннисо Исҳоқова гуфт, ҳамсари Бузургмеҳр дар ин байн чанд бор барои Бузургмеҳр ғизо бурд, аммо дар боздоштгоҳ онро қабул накарда ва гуфтаанд, ки вай дар картсер нигаҳдорӣ мешавад. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, шароити картсер мисли ШИЗО (боздоштгоҳи ҷаримавӣ) буда, дар он ғизои овардаи наздикон барои маҳкумшуда қабул карда намешавад ва низ аз мулоқот бо наздиконаш маҳрум мебошад.

Адвокат Бузургмеҳр Ёров тирамоҳи соли 2015 ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ба ҳабс гирифта шуд. Суди шаҳри Душанбе моҳи октябри соли гузашта Бузургмеҳр Ёровро ба 23 соли зиндон маҳкум кард.

Моҳи марти соли равон Суди олии Тоҷикистон Ёровро барои «беэҳтиромӣ нисбати суд» зимни суханрониаш ҳангоми баррасии парвандаи якум боз ба 2 соли дигари зиндон маҳкум кард. Баъдан нисбати Бузургмеҳр Ёров боз ду парвандаи ҷиноӣ – ба гумони қаллобӣ ва таҳқири Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон боз шуд.

Ҳамин тариқ, муҳлати умумии ҷазои адвокат Бузургмеҳр Ёров акнун 28 соли зиндонро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...