Коҳиши нархи ғалладона дар партави афзоиши рекордии захираҳои он

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар бораи коҳиши нархи зироати ғалладона аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли он дар Русия ва Иттиҳоди Аврупо маълумот медиҳад.

Дар маълумоти ФАО қайд мешавад, ки дар партави пешгӯиҳои мусбати ҳосили зироати ғалладона индекси он 1 фоиз поин рафта, ин ба афзоиши истеҳсоли гандум дар Иттиҳоди Аврупо, Русия ва ҷуворимакка дар Чин ва ИМА вобаста аст.

Бино ба маълумоти ташкилот, соли 2018 ҳаҷми захираҳои зироати ғалладона дар ҷаҳон ба нишондиҳандаи рекордии нав – 720,5 млн. тонна расида, ин ба болоравии нишондиҳандаи захира ба талаботи истеъмол боис мегардад, ки ба ташаккули нархҳо таъсир мерасонад.

Қобили зикр аст, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба зироати ғаладона айни замон тақрибан 2,5 млн. тоннаро ташкил медиҳад, ки наздики 1,5 млн. тоннаш дар дохили кишваристеҳсол шуда, боз ҳудуди 1 млн. тонна боқимонда аз хориҷи кишвар, асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон, нимсолаи аввали соли равон аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ қариб 450 ҳазор тонна гандум ворид шуда, нархи миёнаи ҳар як тоннаи он 207 долларро ташкил дод.

Ғайр аз ин, дар ин давра ба Тоҷикистон бо нархи миёнаи 265 доллар беш аз 26 ҳазор тонна орд ворид гардида, дар дохили ҷумҳурӣ ҳудуди 315 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст.

Арзиши чаканаи орд дар минтақаҳои Тоҷикистон гуногун аст. Масалан, дар вилояти Суғд як халта орди 50-килограммаи навъи якум – то 160 сомонӣ, Хоруғ – 175 сомонӣ ва шаҳри Душанбе – 170 сомонӣ нарх дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...