Ҷузъиёти ҳодисаи куштор дар Шуғнон маълум шуд

Akhbor.com

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар барномаи "Сипар” дар телевизиони давлатӣ ҷузъиёти тирборони аъзои як хонавода дар ноҳияи Шуғнонро нашр кард.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, гумонбари асосӣ – Некрӯз Ниятбеков, ки шаби 6 октябр хушдоман ва писари бародарашро кушт, корманди ҳукумати шаҳри Хоруғ будааст. Оламгул Йӯлдоқови 57-сола дар ҷои ҳодиса ва Амирҷони 13-сола рӯзи 11 октябр дар бемористони Хоруғ аз тири ба сари ӯ задаи амакаш ҷон бохтанд.

Гуфта мешавад, шаби 6 октябр ду нафари ниқобпӯш ба манзили хонаводаи Назирдодовҳо дар деҳаи Медеи ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон ҳамла оварда, соҳибхоназани 57-соларо кушта ва се узви дигари ин хонаводаро захмӣ карданд.

Бино ба гузориши вазорати дохила, ин афроди ниқобпӯш шабона вориди манзили корманди идораи "Тоҷиксуғурта”-и ноҳияи Шуғнон Алидод Назирдодов шуда, "аз тапончаи тамғаи Макаров ба тарафи шаҳрванд Йӯлдоқова Оламгул Мирзоевна, санаи таваллудаш 19 апрели соли 1960, ва ноболиғ Ниятбеков Амирҷон Далерович, санаи таваллудаш 20 апрели соли 2004 тир парронда, бо ин қонеъ нагардида, бо корди дар даст доштааш ба шаҳрвандон Назирдодов Мубориз Алидодович, санаи таваллудаш 8 ноябри соли 1996, ва Назирдодова Муқаддас Алидодовна зарари вазнини ҷисмонӣ расонда, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.”

Дар натиҷаи ин ҳамла Оламгулл Йӯлдоқова дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, Амирҷон Ниятбеков, ки аз сараш тир хӯрда буд, ва Мубориз ва Муқаддас Назирдодовҳо, ки захми корд бардошта буданд, ба бемористони шаҳри Хоруғ бурда шуданд.

Дар натиҷаи тафтиш маълум шуд, ки он шаб ба хонаи Назирдодовҳо дар деҳаи Возм Ниятбеков Некрӯз Доробшоевич, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин, 134  ҳамроҳ бо Ҳабибзода Восӣ Саъдулло, соли таваллудаш 1998, сокини деҳаи Зинги ҷамоати Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз ҳамла кардаанд.

Вазорати дохила мегӯяд, Некрӯз Ниятбеков дар ҳукумати шаҳри Хоруғ кор мекард. Восӣ Ҳабибзода, ки дар соли сеюми риштаи физикаи Донишгоҳи Хоруғ таҳсил мекард, низ дар кӯчаи Ленини маркази маъмурии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҳамсоягии Ниятбеков зиндагӣ доштааст.

Бино ба гузориши Далер Чоршанбеев, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон, Некрӯз Ниятбеков ва Восӣ Ҳабибзода "бо хусумату ғарази шахсӣ ғайриқонунӣ бо яроқи оташфишон – тапончаи тамғаи Макаров, норинҷаки дастӣ, корд, ду адад ниқоб мусаллаҳ гардида, дар ҳолати мастӣ тавассути мошини тамғаи "Dodge”, рақами давлатиаш 45 44 АЕ 01  аз шаҳри Хоруғ ба деҳаи Медеи ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон омада, дар манзили Алидод Назирдодов 4 нафарро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.”

Ниятбеков ва Ҳабибзода баъди дастгир шуданашон аз ҷониби мақомоти раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон ба гуноҳи худ иқрор кардаанд.

Дар гузориши нашршуда дар телевизиони давлатӣ Некрӯз Ниятбеков аз ҷумла гуфт: "Ман бо маслиҳати пешакӣ бо ҷӯраам дар ҳолати мастӣ хостем янгаам ва хешу табори онҳоро тарсонем. Бо яроқу аслиҳа. Чунки онҳо тариқи суд мехоҳанд хонаи истиқоматии маро гиранд. Даромадем, ман тапончаро истифода бурдам, ду бор тир задам. Ман ки даромадам, онҳо воҳима карданд ва ман ҳам аз ҳамин ҳушамро гум кардам ва баъд ду бор тарафи онҳо тир холӣ кардам. Баъд дар ҳамин вақт байни ману Назирдодов Алидод ва Назирдодов Мубориз шапошап шуд ва ман баъд норинҷакро истифода бурдам. Аз кисаам гирифтам, дар мобайни по       йҳоямон партофтам, баъд Назирдодов Алидод онро ба берун партофт.”

Восӣ Ҳабибзода, шарики Некрӯз Ниятбеков низ дар ин барнома рафти ҳамлаашон ба манзили Назирдодовҳоро нақл мекунад: "Вақте хона даромадем, вай кӯдакро аз мӯи сараш гирифту кашол кард, яке садои тир шуд. Баъд ман пеши мошин рафтам истодам. Баъди 5-6 дақиқа Некрӯз омад, дасташ буридагӣ.”

Аз ин ду нафар ҳамчун далелҳои шайъӣ тапончаи Макаров, корд, 4 гилза, як тир ва ду ниқоб ёфт ва мусодира шудааст.

Вазорати дохила тасдиқ кардааст, ки сабаби ин моҷаро баҳси манзил байни Некрӯз Ниятбеков ва хешовандони бародари чанд сол пеш фавтидааш Далер Ниятбеков будааст.

Далер Ниятбеков чанд сол пеш вафот карда, баъди даргузашти ӯ бар сари манзили истиқоматие, ки дар шаҳри Хоруғ дошт, байни хешовандон ҷанҷол хеста буд. Додгоҳ ахиран ин манзилро ба ҳамсари Далер Ниятбеков дод, вале Некрӯз Ниятбеков, ки аз ин ҳукми додгоҳ розӣ набуд, даст ба чунин ҳамлаи хушунатбор задааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...