Камйодии намак – омили паҳншавии бемории ҷоғар

Афзал БОСОЛИЕВ, Сурайё ҲАКИМОВА, махсус барои ASIA-Plus

Сокини шаҳри Хуҷанд Анорҷон Алиева зиёда аз 30 сол инҷониб мубталои бемории ҷоғар аст. Ӯ ҳар 6 моҳ як маротиба дар Маркази эндокринологии вилояти Суғд ба номи Ҷаҳон Набиев табобат мегирад.

Аз маълумоти расмӣ бармеояд, ки тайи 2 соли охир ҳар шашумин сокини вилоят ба ин дард гирифтор будааст.

Ҷисми инсон дар як шабонарӯз ба 150 микрограмм йод эҳтиёҷ дорад.

Сабаби пайдоиши ҷоғар ва пайомадҳои он

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ мегӯянд, ки сабаби асосии мубтало шудан ба бемории ҷоғар норасоии йод дар бадани одам аст. Яке аз нишонаҳои ҷоғар варами қисми пеши гулӯ мебошад. Аломатҳои дигар инҳоянд: хасташавии зиёд, арақкунӣ, пастшавии қобилияти фикрронӣ ва азхудкунӣ дар хониш, қадпастии кӯдак, асабоният, дилтангӣ, пастшавии қобилияти биниш ва шунавоӣ, вайроншавии кори дил, дарди сар, бемадорӣ, пастшавии қобилияти меҳнатӣ, нафастангӣ, дилзанӣ, инчунин вайроншавии давраи ҳайзи занон.

Инкишофи ҷисмонии кӯдакони мубталои ҷоғар суст мешавад, зеро он ба системаи хунгарди инсон таъсир расонида, фаъолияти дурусти баданро халалдор мекунад.

Дар навбати худ, камйодии занони ҳомила боиси бачапартоӣ шуда метавонад. Пизишкон тавсия медиҳанд, ки зимни пайдо шудани нишонаҳои бемории ҷоғар, шаҳрвандон бояд фавран ба муассисаҳои дахлдори тиббӣ муроҷиат карда, саривақт муолиҷа гиранд.

Санҷиши йоднокии намак

Ба гуфтаи мутахассисон, дар таркиби ягон навъи ғизои Тоҷикистон миқдори зарурии йод мавҷуд набуда, танҳо тавассути йодноккунии намаки ошӣ мардумро бо он метавон таъмин кард. Аз ин рӯ, дар соли 2002 Қонуни ҶТ «Дар бораи йоднокгардонии намак» қабул гардидааст. Тибқи он тамоми намаке, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ истеҳсол ва ба фурӯш бароварда мешавад, бояд ҳатман йоднок карда шавад.

Он халтачаҳои намаки ошие, ки дар бозору мағоза ва марказҳои тиҷоратии вилояти Суғд фурӯхта мешаванд, оё то кадом андоза дар таркибашон миқдори зарурии йод доранд? Барои дарёфти посух ба ин суол мо аз якчанд гӯшаву канори шаҳри Хуҷанд намунаҳои намаки истеҳсолашон гуногунро харидорӣ карда, сифати онҳоро бо чаконидани қатраҳои маҳлули махсус (индикатори йоднокии намак) мавриди санҷиш қарор додем.

Натиҷаи ин таҷрибаи журналистиро дар видеонавори зер дида метавонед

Дар ҳамин ҳол, масъулини «Тоҷикстандарт» мегӯянд, ки солҳои охир корхонаҳои коркарди намак ба сифат ва таркиби он аҳамияти хоса медиҳанд. Ба қавли онҳо, баргузории рейду санҷишҳо нишон доданд, ки сифати намаки ошии дар бозорҳои вилояти Суғд ба фурӯш гузошташуда ҷавобгӯйи талабот мебошад.

Дастрасӣ ба кони намаки Ашт озод аст?

Дар шимоли ҷумҳурӣ танҳо як корхонаи истеҳсоли намак, воқеъ дар ноҳияи Ашт фаъолият мекунад. Кони намаки он дар мавзеи кушод ҷойгир буда, эҳтимоли аз ин захираи табиӣ истифода кардани ҳар нафар вуҷуд дорад. Вале ба гуфтаи роҳбарият, ҳудуди корхона зери назорати қатъӣ гирифта шудааст.

Дар бозору фурӯшгоҳҳои маркази вилоят, ки мо аз назар гузаронидем, асосан маҳсулоти ҶСП “Кони намак”-и ноҳияи Ашт ба фурӯш гузошта шудааст. Ба гуфтаи роҳбарияти ин корхона, ба таркиби намаки он зимни коркард ба воситаи дастгоҳҳои махсус миқдори муайяни йод илова карда мешавад.

Замони Шӯравӣ ин корхона дар як сол то 35 ҳазор тонна намак истеҳсол намуда, аҳолии ҷумҳурӣ ва водии Фарғонаро бо ин намуди маҳсулоти ғизоӣ таъмин мекард. Айни замон кормандони он ҳамарӯза аз 25 то 27 тонна маҳсулотро бандубаст мекунанд. Масъулини корхона мегӯянд, ки ба сифат ва таркиби намак аҳамияти хоса медиҳанд, аз ин рӯ, талабот ба ин маҳсулот бештар шудааст. Онҳо ният доранд, ки содироти намакро ба ғайр аз Қирғизистону Афғонистон ба Руссия ва кишварҳои дигари ИДМ ба роҳ монанд.

Қоидаҳои нигаҳдории намак ва ҳифзи саломатӣ

Табибон таъкид мекунанд, ки шаҳрвандон бояд ҳангоми нигаҳдорӣ ва истифодаи намаки ошӣ ба якчанд қоида аҳамият диҳанд.

Мутахассисон изҳор медоранд, ки ҳар як нафар ҳангоми харидорӣ ва истифодаи намаки ошӣ бояд ба сифат, таркиб, йоднокӣ, санаи истеҳсол ва нигаҳдории он дар шароити хона аҳамият дода, бо ин роҳ саломатии худ ва аҳли оиларо ҳифз намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...