Хонаҳои пештоқдор дар Душанбе кӯчонида мешаванд

Asia-Plus

Дар маркази шаҳри Душанбе ба кӯчонидани хонаҳои ба истилоҳ равоқдор ё худ пештоқдор, ки солҳои 50-уми асри гузашта дар хиёбони Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) сохта шуда буданд, оғоз карданд.

Сокинони манзилҳои мазкур аввали моҳи август дар ин бора огаҳ карда шуда, акнун кӯчонидани онҳо шурӯъ шудааст.

Дар ҷои ин манзилҳо, ҳамчунин собиқ биноҳои шаҳрдорӣ, Вазорати кишоварзӣ (ҳарду аллакай кӯчонида шудаанд), сафорати Эрон дар Тоҷикистон маҷмааи парлумонӣ сохта мешавад.

Маҷмааи нави парлумонии Тоҷикистон дар қаламрави аз гузаргоҳи кӯчаи Теҳрон – хиёбони Рӯдакӣ (майдони «Дӯстӣ») то гузаргоҳи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Шоҳтемур (мавзеи меҳмонхонаи «Тоҷикистон») қомат меафрозад.

Соли гузашта як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки ба ҷуз биноҳои навсохташуда, тамоми биноҳои воқеъ дар ин қаламрав, аз ҷумла манзилҳо низ кӯчонида мешаванд.

Маҷмааи манзилҳо дар хиёбони Рӯдакии пойтахт солҳои 1950-1954 аз рӯи лоиҳаи Николай Баранов, Меъмори халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, сармеъмори Ленинград бунёд гардида буд.

«Дар кишвари мо бо мушкилоти аз қаламрави ҷумҳурӣ баровардани тангаи дутинаи замони Русияи подшоҳӣ хуб мубориза бурда, онро барои кишвар чизи арзишманд мешуморнад, лекин фаромӯш мекунанд, ки биноҳои зиёда аз 50 сол пеш сохташуда низ арзиши таърихӣ доранд, – мегӯяд таърихшиноси тоҷик Ғафур Шерматов. – Ин ҳам дар ҳолест, ки маҷмааи манзилҳо дар хиёбони Рӯдакӣ тибқи лоиҳаи меъмори маъруф Николай Баранов сохта шудааст. Чунин муносибати беэҳтиётона ба ин манзилҳо боиси таассуф аст».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...