Худдории ҳукуматдорон аз шарҳи масъалаи кӯчонидани қабрҳои шахсиятҳои маъруф

Ҷасадҳои шахсиятҳои маъруфи кишвар аз боғи ба номи Айнӣ пинҳонӣ кӯчонида шуданд. Шахсони масъули мақомоти шаҳрдории пойтахт аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзиданд. Мо доир ба ин масъала ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муроҷиат кардем, ки ба масъалаҳои ободонии қаламрав ва боғҳо муовини раис Толиб Раҳимзода Карим масъул аст. Ӯ аз шарҳи […]

Ҷасадҳои шахсиятҳои маъруфи кишвар аз боғи ба номи Айнӣ пинҳонӣ кӯчонида шуданд. Шахсони масъули мақомоти шаҳрдории пойтахт аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзиданд.

Мо доир ба ин масъала ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муроҷиат кардем, ки ба масъалаҳои ободонии қаламрав ва боғҳо муовини раис Толиб Раҳимзода Карим масъул аст. Ӯ аз шарҳи масъала худдорӣ намуда, маслиҳат дод, ки ба зердасташ – Амрулло Боқиев, директори боғи Айнӣ муроҷиат кунем. Ӯ қаблан ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки ин масъала ба салоҳияти ӯ дохил намешавад.

Ба зангҳои телефонии мо дар маъмурияти ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки боғ дар қаламрави он воқеъ аст, низ посух надоданд.

То ҳол аз боғи Айнӣ қабрҳои Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ ва Муқаддима Ашрафӣ кӯчонида шуда, қабри Ҷаббор Расулов низ аллакай кӯчонида мешавад, вале қабри Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз побарҷо аст.

Дар бораи пинҳонӣ кӯчонидану дар дигар ҷой гӯронидани ҷасадҳои афроди маъруф аз боғи Айнӣ ба «Азия-Плюс» яке аз хешу ақрабои онҳо хабар дод. Ӯ аз он дар шигифт аст, ки баъди воқеа ба онҳо хабар додаанд.

Оғози корҳои таъмиру азнавсозӣ дар боғи Айнии пойтахт баҳсҳои доманадору мухолиферо дар ВАО ба бор овард. Чанд моҳ пеш ҳукуматдорон дар бораи кӯчонидани қабрҳо ба хешу ақрабои Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода, Арбоби давлатӣ Муҳаммад Осимӣ, адабиётшинос Камол Айнӣ ва ҳамсари ӯ Муқаддима Ашрафӣ хабар доданд. Маълум нест, ки хешу ақрабои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов аз ин ҳол хабар доранд ё не.

Дар маҷмӯъ аз боғ шаш қабр кӯчонида мешавад. Қабри Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар боғ боқӣ мемонад. Дар он корҳои эҳё ва навсозӣ ҷараён доранд. Тибқи иттилои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аввали моҳи ноябр маросими расмии ифтитоҳи он дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.