Худдории ҳукуматдорон аз шарҳи масъалаи кӯчонидани қабрҳои шахсиятҳои маъруф

Asia-Plus

Ҷасадҳои шахсиятҳои маъруфи кишвар аз боғи ба номи Айнӣ пинҳонӣ кӯчонида шуданд. Шахсони масъули мақомоти шаҳрдории пойтахт аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзиданд.

Мо доир ба ин масъала ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муроҷиат кардем, ки ба масъалаҳои ободонии қаламрав ва боғҳо муовини раис Толиб Раҳимзода Карим масъул аст. Ӯ аз шарҳи масъала худдорӣ намуда, маслиҳат дод, ки ба зердасташ – Амрулло Боқиев, директори боғи Айнӣ муроҷиат кунем. Ӯ қаблан ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки ин масъала ба салоҳияти ӯ дохил намешавад.

Ба зангҳои телефонии мо дар маъмурияти ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки боғ дар қаламрави он воқеъ аст, низ посух надоданд.

То ҳол аз боғи Айнӣ қабрҳои Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ ва Муқаддима Ашрафӣ кӯчонида шуда, қабри Ҷаббор Расулов низ аллакай кӯчонида мешавад, вале қабри Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз побарҷо аст.

Дар бораи пинҳонӣ кӯчонидану дар дигар ҷой гӯронидани ҷасадҳои афроди маъруф аз боғи Айнӣ ба «Азия-Плюс» яке аз хешу ақрабои онҳо хабар дод. Ӯ аз он дар шигифт аст, ки баъди воқеа ба онҳо хабар додаанд.

Оғози корҳои таъмиру азнавсозӣ дар боғи Айнии пойтахт баҳсҳои доманадору мухолиферо дар ВАО ба бор овард. Чанд моҳ пеш ҳукуматдорон дар бораи кӯчонидани қабрҳо ба хешу ақрабои Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода, Арбоби давлатӣ Муҳаммад Осимӣ, адабиётшинос Камол Айнӣ ва ҳамсари ӯ Муқаддима Ашрафӣ хабар доданд. Маълум нест, ки хешу ақрабои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов аз ин ҳол хабар доранд ё не.

Дар маҷмӯъ аз боғ шаш қабр кӯчонида мешавад. Қабри Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар боғ боқӣ мемонад. Дар он корҳои эҳё ва навсозӣ ҷараён доранд. Тибқи иттилои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аввали моҳи ноябр маросими расмии ифтитоҳи он дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...