Шаҳрдории Душанбе ба мардум наздику дастрастар мешавад

Asia-Plus

Мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иқдоми наверо роҳандозӣ намуд, ки мувофиқи он сокинони шаҳр метавонанд доимо бо шаҳрдорӣ дар робита бошанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, акнун сокинони пойтахт имкон пайдо карданд, ки қонуншиканиҳо ва дигар камбудиҳои фаъолияти хоҷагидории шаҳрро дар телефонҳои ҳамроҳ ё дигар воситаҳои техникӣ сабт намуда, акс ё навори видеоро ба суроғаи раиси пойтахт – [email protected] ирсол намоянд.

Муаллифон метавонанд мухтасар чӣ гуна содир шудани қонуншиканӣ ё камбудии ҷойдоштаро дар навори видео шарҳ дода, онро ба суроғаи электронии зикршуда, ҳамчунин тариқи шабакаи Vaiber ё Whats App ба рақами 985-95-22-22 фиристанд.

Таъкид мешавад, ки махфӣ нигоҳ доштани ному насаби афроди акс ё навори видео ирсолкарда ба суроғаи раиси пойтахт ё рақами зикршуда кафолат дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...