Савдои кишварҳои ОМ 10% аз гардиши умумиро ташкил медиҳад

Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи 16-умин Конфронси вазирони Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки ташкили низоми ба ҳам пайвасти коммуникатсионӣ ба пайвастани Осиёи Марказӣ бо дигар кишварҳои Осиё ва инчунин Аврупо мусоидат намуда, ба афзоиш ёфтани гардиши савдои байниҳамдигарӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар кори ҷаласаи 16-уми Конференсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ роҳбарони ташкилоту созмонҳои шарики рушд, институтҳои бонуфузи молиявӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Исломии Рушд, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохтор, Комиссияи Аврупо, Бонки Авруосиёии рушд, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва Уқёнуси Ором, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (Ҷайка), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва коршиносон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Амрико, Япония, Британияи Кабир иштирок доранд.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки дар Осиёи Марказӣ таҷрибаи бузурги ҳамкориҳои судманд ва самарабахши байни кишварҳои минтақа андӯхта шуда, кишварҳои минтақаро на танҳо сарҳадоти умумӣ, балки анъанаҳои куҳани тиҷоратӣ, ки аз даврони Роҳи Бузурги Абрешим сарчашма мегиранд, мепайванданд.

Ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон, дар доираи ҳавзаи давлатҳои барнома Осиёи Марказӣ дорои бозори 70 миллион нафар истеъмолкунанда буда, соҳаҳои иқтисодии кишварҳо бо ҳам алоқамандӣ доранд, ки ин омил заминаи муфиди ҳамкориро фароҳам овардааст.

«Вале савдои байниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар маҷмӯъ, 10 фоизи гардиши савдои умумии ин кишварҳоро ташкил медиҳад, ки ин хеле кам аст, – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон. – Дар шароити ҷаҳонишавӣ барои минтақа таъмин намудани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва ташаккули бозорҳои умумии минтақавӣ аҳаммияти калидӣ дорад».

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ҷаҳонишавӣ барои минтақа таъмин намудани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва ташаккули бозорҳои умумии минтақавӣ аҳаммияти калидӣ дорад. Бинобар ин дар доираи Барнома тақвият бахшидани ҳамкории иқтисодӣ дар замони муосирро муҳим арзёбӣ карданд.

«Аксари кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, бинобар мавқеи ҷуғрофии худ ба ҳавзаи кишварҳои маҳсур бо хушкӣ шомил мебошанд ва шароити инфрасохтори нақлиёти заминии онҳо гуногун аст, – гуфт Сарвари давлат. – Бинобар ин, ҳалли масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани Тоҷикистон на танҳо барои мо, балки барои минтақа ҷиҳати осон намудани транзити молҳо тавассути ҳудуди кишвар муҳим арзёбӣ мегардад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Қурбони Собир: “Тоҷикони Самарқанду Бухоро бетарафанд ва аз ҳувияти худ дарак намедиҳанд”

Бахши дуввуми мусоҳиба бо иҷрокунандаи нақши Ҷомӣ дар филми "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар бораи ҳувияти миллӣ ва забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.