Баррасии шартҳои пешниҳоди кумаки ХБА ба Тоҷикистон

Asia-Plus

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо муовини Директори Департаменти Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Юха Кяхконен, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи шонздаҳуми Конфронси вазирони Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ (СAREC) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқоти корӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба баррасии ҳисоботи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар доираи моддаи IV-и натиҷаҳои гуфтушунидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017 Article 4 Consultation) дар Шӯрои иҷроияи ХБА, ки таърихи 3 ноябри сол 2017 баргузор мегардад, муҳокимарониҳо намуда, зарурати таҳияи барномаи нави сесолаи ХБА ва шартҳои аввалиндараҷаро дар доираи барномаи нави мазкур, инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ ва пешниҳоди кӯмаки техникии ХБА-ро дар Барномаи баҳодиҳии бахши молиявии навбатӣ (FSAP) дархост намуданд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҷаноби Юха Кяхконенро бо вазъи кунунии низоми бонкии ҷумҳурӣ, натиҷаҳои ислоҳот ва иҷроиши шартҳои пешакӣ барои татбиқи барномаи нави ХБА шинос намуданд. Баҳри бартараф намудани таъсири буҳрони молиявӣ ва дар амал татбиқ намудани ислоҳоти пешбинишуда, бартарафсозии мушкилиҳои асосӣ ва мусоидат ба ислоҳоти сохторӣ, бахусус дар бахши иқтисод, молия ва низоми бонкӣ зарурати қабули барномаи нави ХБА барои Тоҷикистонро (Барномаи охирин соли 2009-2012 амалӣ шудааст) муҳим арзёбӣ карда шуд.

Дар навбати худ, Муовини Директори Департаменти ХБА оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Юха Кяхконен барои идомаи ҳамкории босамар ва ҳар чӣ зудтар мусоидат намудан дар тасвиби барномаи нави се солаи ХБА барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Механизми васеи қарздиҳӣ омодаги ХБА-ро изҳор намуд.

Зимни вохӯрӣ ҳамзамон дигар масъалаҳои низоми бонкӣ, аз ҷумла ислоҳоти татбиқшуда ва минбаъдаро дар низоми бонкии ҷумҳурӣ баҳри беҳбуд бахшидани низоми бонкӣ, муҳокима намудани ҳисоботҳои ширкатҳои машваратии “Alvarez & Marsal LLC” нисбати бонкҳои мушкилдор – ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк”, васеъ намудани имкониятҳои сиёсати монетарӣ ва фишангҳои муосир, ки барои гузариши ботадриҷ ба реҷаи муосири пулию қарзӣ – ҳадафгирии таваррум мусоидат менамояд, баррасӣ гардиданд.

Қобили қайд аст, ки дар мулоқоти мазкур инчунин Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ, намояндаи Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрий Соболев ва дигар роҳбарони воҳидҳои сохтории БМТ иштирок доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.