Омодагии Донишгоҳи иқтисодии Урал ба қабули донишҷӯёни тоҷик

Asia-Plus

Зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Яков Силин бо ҳайати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дар Екатеринбург зикр гардид, ки ин муассисаи таълимӣ ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон омода аст.

«Мо метавонем созишнома ба имзо расонида, дар он қадамҳои нахустро дар ин самт муайян созем, – қайд кардааст Силин. – Донишҷӯёни шумо дар муассисаи мо бо барномаҳои бакалавриат, магистратура ва аспирантура таҳсил карда метавонанд».

Дар иттилоияи интишоршуда зикр мегардад, ки роҳбари ҳайати Тоҷикистон, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Диловар Қодирзода дар навбати худ изҳор доштааст, ки донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар мактабҳои олии Русия таваҷҷуҳ дошта, раҳбарияти донишкада низ ба оғози ҳамкориҳо дар ин самт омода аст.

Диловар Қодирзода намояндагони Донишгоҳи давлатии иқтисодии Уралро ҷиҳати иштирок дар Ҳафтаи таълими Русия даъват кард, ки Донишкада дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мегузаронад.

Дар маълумот қайд мешавад, ки айни замон дар ин мактаби олии иқтисодии Екатеринбург аз 32 кишвари дунё донишҷӯён таҳсил мекунанд. Донишгоҳ бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ 109 қарордод ба имзо расонидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.