Омодагии Донишгоҳи иқтисодии Урал ба қабули донишҷӯёни тоҷик

Зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Яков Силин бо ҳайати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дар Екатеринбург зикр гардид, ки ин муассисаи таълимӣ ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон омода аст. «Мо метавонем созишнома ба имзо расонида, дар он қадамҳои нахустро дар ин самт муайян созем, – қайд кардааст Силин. – Донишҷӯёни шумо дар муассисаи мо […]

Asia-Plus

Зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Яков Силин бо ҳайати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон дар Екатеринбург зикр гардид, ки ин муассисаи таълимӣ ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон омода аст.

«Мо метавонем созишнома ба имзо расонида, дар он қадамҳои нахустро дар ин самт муайян созем, – қайд кардааст Силин. – Донишҷӯёни шумо дар муассисаи мо бо барномаҳои бакалавриат, магистратура ва аспирантура таҳсил карда метавонанд».

Дар иттилоияи интишоршуда зикр мегардад, ки роҳбари ҳайати Тоҷикистон, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Диловар Қодирзода дар навбати худ изҳор доштааст, ки донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар мактабҳои олии Русия таваҷҷуҳ дошта, раҳбарияти донишкада низ ба оғози ҳамкориҳо дар ин самт омода аст.

Диловар Қодирзода намояндагони Донишгоҳи давлатии иқтисодии Уралро ҷиҳати иштирок дар Ҳафтаи таълими Русия даъват кард, ки Донишкада дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ мегузаронад.

Дар маълумот қайд мешавад, ки айни замон дар ин мактаби олии иқтисодии Екатеринбург аз 32 кишвари дунё донишҷӯён таҳсил мекунанд. Донишгоҳ бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ 109 қарордод ба имзо расонидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.