Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Остона (Қазоқистон) Вохӯрии ҳафтуми байнулмилалӣ оид ба Сурия дар чаҳорчӯби Раванди Остона баргузор мешавад; – Як ҳайати Русия таҳти роҳбарии котиби Шӯрои амнияти ин кишвар Николай Патрушев ба Тоҷикистон меояд; – Дар Исфара вохӯрии минтақавии намояндагони бахши тиҷорат ва сохторҳои давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир мегардад. Вохӯрӣ аз ҷониби барномаи GIZ […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Остона (Қазоқистон) Вохӯрии ҳафтуми байнулмилалӣ оид ба Сурия дар чаҳорчӯби Раванди Остона баргузор мешавад;

– Як ҳайати Русия таҳти роҳбарии котиби Шӯрои амнияти ин кишвар Николай Патрушев ба Тоҷикистон меояд;

– Дар Исфара вохӯрии минтақавии намояндагони бахши тиҷорат ва сохторҳои давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир мегардад. Вохӯрӣ аз ҷониби барномаи GIZ TFCA ва лоиҳаи Hilfswerk Austria созмон дода мешавад;

– Мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 миёни ҷавонон дар гурӯҳи «В» оғоз мегардад. Вохӯриҳо дар варзишгоҳҳои Душанбе ва Ҳисор барпо мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.7986 сомонӣ;

1 евро – 10.2381 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1494 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2006 — Дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ пули сеюм дар болои дарёи Панҷ миёни Тоҷикистону Афғонистон ба истифода дода шуд.

2012 — Вазири маорифи Тоҷикистон қарорро дар бораи бекор шудани таътили тирамоҳӣ (1-8 ноябр) ба имзо расонид.

2013 — Президенти Тоҷикистон ба амалисозии навбати аввали лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар роҳҳои пойтахт ҳусни оғоз бахшид.

1941 – Зодрӯзи овозхони тоҷик Гулчеҳра Содиқова.

1953 – Мавлуди мусиқишинос ва овозхон Азизуллои Шариф.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона -1+6, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +15+20; дар шарқ шабона -7-12, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +25+30; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +18+23. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +29+31.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +18+20.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.