Ҳалокати 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар Саратов

Шаби 30 октябр, соати тақрибан 23 дар километри 558-уми шоҳроҳи Саратов – Нижний Новгород як мошини боркаши КамАЗ бо микроавтобуси "Volkswagen Caravelle”-и муҳоҷирони тоҷик бархӯрд. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, дар ин садама ронандаи КамАз осеб надидааст, вале аз 11 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки савори микроавтобус буданд, ду нафар дар ҷои ҳодиса ва […]

Akhbor.com

Шаби 30 октябр, соати тақрибан 23 дар километри 558-уми шоҳроҳи Саратов – Нижний Новгород як мошини боркаши КамАЗ бо микроавтобуси "Volkswagen Caravelle”-и муҳоҷирони тоҷик бархӯрд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, дар ин садама ронандаи КамАз осеб надидааст, вале аз 11 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки савори микроавтобус буданд, ду нафар дар ҷои ҳодиса ва ду тани дигар дар бемористон ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, 7 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин садама ҷароҳат бардоштаанд ва аз онҳо танҳо ду нафаре, ки захмҳояшон сабук буд, ба роҳи худ идома дода, 5 тани дигарро ба бемористон бурдаанд. Табибон вазъи саломатии 4 тан аз маҷрӯҳонро вазнин меноманд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Петровскийи вилояти Саратов дар шоҳроҳи Р-158 рух додааст ва ҳодисаро пулиси вилояти Саратов таҳқиқ мекунад. Муовини сухангӯи пулиси Саратов Владимир Костёров гуфтааст, ки зоҳиран гунаҳкори садама ронандаи КамАЗ аст. Аммо пулис дар ҳоли ҳозир аз ироаи ҷузъиёти бештари ин ҳодиса худдорӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.