Мавқеи ҳамсони Тоҷикистону Арманистон дар бисёр масъалаҳои муҳими ҷаҳони муосир

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси миллии Арманистон Ара Баблоянро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар суҳбати самимӣ аз сатҳу сифати ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Арманистон, хусусан равобити байнипарлумонӣ ва муколамаи доимии сиёсии сатҳи баланд дар давоми 25 соли барқарории муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Тавре таъкид гардид, иҷрои […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси миллии Арманистон Ара Баблоянро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар суҳбати самимӣ аз сатҳу сифати ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Арманистон, хусусан равобити байнипарлумонӣ ва муколамаи доимии сиёсии сатҳи баланд дар давоми 25 соли барқарории муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Тавре таъкид гардид, иҷрои мувофиқаҳои дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Арманистон дар моҳи июни соли равон бадастомада, заминаи мусоид ва имконияти фарохеро барои рушуду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатии манфиатбор фароҳам меоварад.

Дар ҳамин робита изҳори умедворӣ карда шуд, ки сафари Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва байнипарлумониии Тоҷикистону Арманистон такони тоза мебахшад.

Ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг ва равобити байнипарлумонию ҷамъиятӣ ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи СММ, САҲА, ИДМ ва СААД фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Мусоҳибон таъкид намуданд, ки заминаи ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои байнидавлатиро беш аз 30 санад ташкил медиҳад, ки ҳамкориҳои ду давлатро дар соҳаҳои гуногун ба танзим медароранд.

Мавқею назари ҳамсон ва ё наздики ду давлат дар бисёр масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир низ таъкид карда шуд.

Вобаста ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳамчунин масъалаи таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ ва роҳҳои ҳалли сулҳомези муноқишаҳои сиёсӣ дар кишварҳои олам мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.