БМТ иҷозатномаҳои 2 ташкилоти қарзиро бозхонд. 24 ташкилоти дигар дар марҳилаи барҳамхӯрӣ

0
2
Здание НБТ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иҷозатномаи ду ташкилоти қарзии хурд – «Дурнамои деҳоти Рӯдакӣ» ва «Фермер»-ро бозхонд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бонки миллӣ иҷозатномаи 6 ташкилоти қарзиро бозхонд

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, Раёсати Бонки миллӣ рӯзи 30 октябр дар ин бора қарорҳои дахлдор қабул кардааст.

«Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои мазкур дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини БМТ омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд», – омадааст дар маълумот.

Қобили зикр аст, ки айни замон ҳамчунин 24 ташкилоти қарзии дигар дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Дар қаламрави Тоҷикистон айни замон 17 бонк, 33 ташкилотҳои қарзии хурд ва 34 фондҳои қарзии хурд фаъолият доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь