БМТ иҷозатномаҳои 2 ташкилоти қарзиро бозхонд. 24 ташкилоти дигар дар марҳилаи барҳамхӯрӣ

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иҷозатномаи ду ташкилоти қарзии хурд – «Дурнамои деҳоти Рӯдакӣ» ва «Фермер»-ро бозхонд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, Раёсати Бонки миллӣ рӯзи 30 октябр дар ин бора қарорҳои дахлдор қабул кардааст. «Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои мазкур дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини БМТ омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд», – омадааст […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иҷозатномаи ду ташкилоти қарзии хурд – «Дурнамои деҳоти Рӯдакӣ» ва «Фермер»-ро бозхонд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, Раёсати Бонки миллӣ рӯзи 30 октябр дар ин бора қарорҳои дахлдор қабул кардааст.

«Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои мазкур дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини БМТ омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд», – омадааст дар маълумот.

Қобили зикр аст, ки айни замон ҳамчунин 24 ташкилоти қарзии дигар дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Дар қаламрави Тоҷикистон айни замон 17 бонк, 33 ташкилотҳои қарзии хурд ва 34 фондҳои қарзии хурд фаъолият доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.