ВАО-и Ӯзбекистон бори нахуст аз фарзанди сеюми Ислом Каримов хабар доданд

Васоити ахбори умуми ӯзбекзабон аз далели «нав»-и тарҷумаи ҳоли нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов хабар доданд: ба ҷуз духтарон – Гулнораву Лола, ӯ бо номи Пётр писаре ҳам доштааст, менависад «Фергана». Қаблан дар тарҷумаи ҳоли расмии Ислом Каримов, ба гунаи мисол дар сомонаи Комиссияи марказии интихоботӣ, зикр гардида буд, ки «ӯ оиладор буда, ду фарзанд […]

Asia-Plus

Васоити ахбори умуми ӯзбекзабон аз далели «нав»-и тарҷумаи ҳоли нахустин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов хабар доданд: ба ҷуз духтарон – Гулнораву Лола, ӯ бо номи Пётр писаре ҳам доштааст, менависад «Фергана».

Қаблан дар тарҷумаи ҳоли расмии Ислом Каримов, ба гунаи мисол дар сомонаи Комиссияи марказии интихоботӣ, зикр гардида буд, ки «ӯ оиладор буда, ду фарзанд ва панҷ набера дорад» («у оилали, икки нафар фарзанди, беш набираси бор»).

Фарзанди сеюми собиқ президентро ба корбарони ӯзбекзабони шабакаи интернет расман сомонаи чанде қабл таъсисёфтаи Маҷмааи илмӣ-маърифатии Ислом Каримов пешниҳод намуд. Дар тарҷумаи ҳоли нашршудаи Ислом Каримов дар он қайд мешавад, ки «ӯ се фарзанд ва шаш набера дошта, вохӯриву суҳбатҳо бо онҳо барояш хеле хушоянд буд».

Акнун бо истинод ба «Википедия» ВАО-и Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки бори аввал Каримов солҳои 60-уми асри гузашта бо Наталя Петровна Кучма издивоҷ карда, соли 1969 онҳо соҳиби писар мешаванд. Наталя Кучма соли 2008 дар Тошканд аз олам даргузашта, Пётр Каримов айни замон дар вилояти Маскав зиндагӣ мекунад, иттилоъ медиҳад Kun.Uz.

Хабаргузории «Фергана» хотиррасон мекунад, ки қаблан дар бораи мансаби муовини раиси раёсати «Азия-Инвест Банк» – корхонаи фаръии Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистонро ишғол кардани Пётр Каримов хабар дода буд. Қароргоҳи ин бонк дар Маскав воқеъ аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасониро ба мусофирон ва афзоши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.