Дукаса нишастанду секаса баромаданд. Таваллуди тифл дар автомашинаи «Рахш Такси»

Охири моҳ дар шаҳри Душанбе воқеаи аҷибу фараҳбахш ва гуворое рух дод. Дар роҳ ба таваллудхона дар автомашинаи ширкати «Рахш такси» тифли навзод ба дунё омад. Шаби 28 ба 29 октябр ба маркази хизматгузории ширкати «Рахш такси» аз як зани  пурҳаяҷон, ки дар мавзеи Донишкадаи тиҷорат зиндагӣ мекунад, занг расид. Ронанда хеле зуд расида, тақрибан […]

Asia-Plus

Охири моҳ дар шаҳри Душанбе воқеаи аҷибу фараҳбахш ва гуворое рух дод. Дар роҳ ба таваллудхона дар автомашинаи ширкати «Рахш такси» тифли навзод ба дунё омад.

Шаби 28 ба 29 октябр ба маркази хизматгузории ширкати «Рахш такси» аз як зани  пурҳаяҷон, ки дар мавзеи Донишкадаи тиҷорат зиндагӣ мекунад, занг расид. Ронанда хеле зуд расида, тақрибан 15 дақиқа мусофиронро интизор шуд. Ақрабаки соат аллакай қариб 3-и шабро нишон медод.

– Вақте мусофиронро дидам, базудӣ фаҳмидам, ки ба таваллудхона меравем. Аз даромадгоҳ ду зан баромаданд, ки ҷавонзанаш ҳомиладор буд. Аввал каме ба ҳарос ҳам афтодам, зеро ҳар рӯз ба ҳаёти тифли ҳанӯз таваллуднашуда масъул намешавӣ, – ҳикоят мекунад ронандаи такси Фахриддин Ваҳҳобов.

Аммо ронанда худро ба даст гирифта, ба нишастани мусофирон кумак ва ба самти беморхонаи «Истиқлол» роҳ пеш гирифт. Дар чорроҳаи назди Маркази ташхис, замони дар ранги сурхи чароғак қарор доштани мошин, Фахрридин аввад фарёди зан ва баъди чанд сонияи дигар гиряи кӯдакро шунид.

Дар бемористон низ ронанда худаш ба даъвати табибон рафта, онҳо нофи кӯдакро дар дохили автомашина буриданд. Тифл солим ба дунё омада, вазнаш 3 килову 450 грамм аст.

Баъдан зани дигар, хушдомани ҷавонзан ҳикоят кард, ки ӯ ба таври автоматӣ дар телефон на рақами 03, балки маҳз рақами 3333-ро чидааст.

– Оилаи мо доимо аз хизматгузории ширкати «Рахш такси» истифода мекунад ва мо ҳамеша аз зуд омадани нақлиёт қаноатманд будем, шояд ман беихтиёрона ба гирифтани рақами 3333 тасмим гирифта бошам. Тавре маълум шуд дар ширкати «Рахш такси» натанҳо ронандагони дақиқкор, балки шахсони хеле масъул кор мекунанд, аз ҳама муҳимаш одамоне, ки хеле зуд дар вазъи бамаломада худро гум намекунанд, – ҳикоят кард Марям Насриддинова, бибии тифли навзод.

Ба гуфтаи Назокат Гадоева, табиби навбатдори таваллудхона, бо чунин ҳодиса онҳо бори аввал дучор шудаанд. «Буданд ҳодисаҳое, ки тифлон дар автомшинаҳои шахсӣ, ёрии таъҷилӣ таваллуд шуда буданд, лекин дар такси бори аввал аст», – иброз дошт ӯ.

Модари ҷавон худро хуб ҳис карда, бо тифлаш ба рухсатӣ аз таваллудхона омодагӣ мегиранд ва оилаи Насридиновҳо хостори онанд, ки маҳз Фахриддин Ваҳҳобов модару тифлро аз таваллудхона ба хонаашон барад.

Дар оила барои номгузории кӯдак алҳол сари як хулосаи мушаххас наомадаанд, лекин дар ширкати «Рахш такси» пешниҳод доранд, ки ба тифли навзод Рустам ном гузошта шавад.

Таҳмина Баҳронова, роҳбари бахши рушд ва маркетинги ширкати «Рахш такси» мегӯяд, онҳо пешниҳод кардаанд, ки тифл Рустам номгузорӣ шавад, зеро Рахш аспи Рустам  аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ буда, рамзи нерӯ, серҳаракативу босуръатӣ ва эътимод аст, ки ширкати «Рахш такси» баҳри риояи ин рамзҳо мудом талош меварзад.

Бо истифода аз фурсат мо, ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» низ ҳамкор Шамсиддин Насриддиновро бо тавлиди набераи деринтизор табрик мегӯем.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.