Боздошти ронандаи гунаҳкори садамае, ки ба ҳалокати 5 тоҷикистонӣ боис гардид

Asia-Plus

Ба гумони риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба садама бо микроавтобус дар ноҳияи Петровскийии вилояти Саратов ва ҳалокати 5 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон боис гардид, ронандаи автомашинаи боркаш (фура) боздошт шудааст.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости, шоми рӯзи душанбе микроавтобуси Volkswagen Caravelle ва автомашинаи боркаши "Камаз" дар роҳ ба ҳам бархӯрда, 5 нафар ҳалок ва 6 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, ки ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Дар Вазорати тандурустӣ гуфтаанд, вазъи маҷрӯҳшудагон вазнин аст.

Тибқи маълумоти пешакии ВКД, дар ин садама ронандаи 28-солаи автомашинаи «КамАз» ба микроавтобуси дар шоҳроҳ ҳаракатдошта роҳ надодааст.

«Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ронадаи автомашинаи боркаш боздошт ва масъалаи кадом навъи чораи пешакӣ андешидан нисбати ӯ ҳаллу фасл мешавад», – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки дар сурати исботи гунаҳкории ронандаи автомашинаи боркаши «КамАз» дар ин садама, ба ӯ то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...