ДДТТ: Ҳам гунаҳкору ҳам ҳалокшуда ба донишгоҳ ҳеҷ иртиботе надоранд

Asia-Plus

Раҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) ба унвони «Азия-Плюс» номае фиристод, ки дар он далели иштироки донишҷӯёни ин муассисаи таълимиро дар муноқишаи назди соҳили дарёи Душанбе, ки бо марги як нафар анҷомид, рад мекунад.

Рӯзи 11 октябри соли равон бар асари муноқишаи оғозшуда назди соҳили дарёи Душанбе аз ҷониби донишҷӯёни соли сеюми ДДТТ, ҷавонон ҷанҷолу занозанӣ карданд, ки дар натиҷа яке аз иштирокчиёни он аз захми корд ба ҳалокат расид. Дар ин бора бо истинод ба манбаъ «Азия-Плюс» 20 октябр хабар дода буд.

Баъди нашри ин хабар ба идораи «Азия-Плюс» аз номи раҳбарияти ДДТТ нома расид, ки дар он тасдиқ мешавад, ки ҳақиқатан ҳам муноқишаро донишҷӯёни ин донишгоҳ оғоз намуда, вале дар ҷанҷолу занозанӣ ҳузур надоштаанд.

Дар зер иқтибосҳо аз номаро меорем:

«Сомонаи «Азия-Плюс» рӯзи 20 октябр матлаберо таҳти унвони «Кордкашии табибони ҷавони тоҷик ба марг анҷомид» пешкаши хонандагон намуда, боиси нигаронии ҷиддии роҳбарияти донишгоҳ гардид.

Ҳеҷ яке аз «табибони оянда», ки муллиф ба донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ишора намудааст, корд накашида, боиси марги каси дигаре нашудааст. Балки иштирокчиёни ин муноқишаи хунин хешовандони ду нафар донишҷӯи донишгоҳ буда, худи донишҷӯён Қурбоналиев Дилшод ва Каримов  Қурбон дар ин занозанӣ ҳузур надоштаанд.

Дар асл муноқишаи гурӯҳии шаби 11.10.2017 берун аз ҳудуди Донишгоҳ ва дар давраи фориғ аз дарсҳо, ҳангоми дар хонаи иҷора, дар назди хешовандонашон будани донишҷӯён  сурат гирифтааст. Аз ҷараён ва тафсилоти ин ҳодиса ҳатто  аҳли гурӯҳи таълимии рақами 7, ки Қурбоналиев Дилшод ва Каримов Қурбон таҳсил менамоянд,  огаҳӣ надоштанд. Аз муноқишаи лафзии ин ду нафар донишҷӯ гурӯҳҳои дигар истифода намуда, ҷангу ҷанҷоли беасосро ташкил намудаанд, ки боиси марги як нафар шаҳрванд гаштааст. 

Такроран иброз медорем, ки ҳам гунаҳкор (Самандар Ҷонмаҳмадов) ва ҳам шахси фавтида ( Фаррух Каримов) ба Донишгоҳи тиббӣ иртиботе надоранд ва то ҳол шахсият ва ҳадафҳои онҳо барои мо номаълум аст. Танҳо ҳамин қадар  маълум гашт, ки ҳам ҷинояткор ва ҳам шахси фавтида хешовандони донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ – Қурбоналиев Дилшод ва Каримов  Қурбон буда, маҳз бо ташаббуси онҳо ва бар хилофи хости донишҷӯён ба макони ҳодиса рафта,  бе иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ муноқишаи марговарро амалӣ сохтаанд.

Тибқи гуфтаҳои  Қурбоналиев Дилшод ҳангоми баҳси ночизи лафзӣ доштан бо ҳамсабақаш Каримов Қурбон ҳамон шаб тасодуфан писари тағояш ба хонаи иҷоравии вай меҳмон гашта, телефонро аз дасти Дилшод  мегирад ва сабабгори асосии сар задани ин муноқишаи нохуш  мегардад. 

Аз нақли Қурбоналиев Дилшод: “Ман аз писари тағоям хоҳиш кардам, ки ба ин ҷанҷол қатӣ нашавад, ки дар Донишгоҳ ба ман проблема пайдо мешавад. Баъди ин писари тағоям баромада рафт ва баъдтар фаҳмидам, ки байни ду гурӯҳ занозанӣ шудааст ва як нафар ба ҳалокат расидааст”.

Идораи «Азия-Плюс» талош варзид, то ба масъалаи дар муноқиша ҳузур доштан ё надоштани донишҷӯёни ДДТТ равшанӣ андозад, вале ҳам дар ВКД ва ҳам дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо далели халалдор насохтани ҷараёни тафтишот, аз пешниҳоди маълумот дар ин хусус худдорӣ варзиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...