Дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Эрон

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои муҳим, аз ҷумла татбиқи тавофуқоти қаблан ба даст омада, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин замина ҷонибҳо аҳамияти Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ ва фарҳангиро, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, махсус таъкид карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавӣ, мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.