Чаро Хазинаи байнулмилалии асъор ба Тоҷикистон пул намедиҳад?

Пайрав ЧОРШАНБИЕВ, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон тӯли панҷ соли охир ба дастрасии қарзи имтиёзноки навбатӣ аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) муваффақ шуда наметавонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамаи кишварҳои узви ХБА, ки Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳост, ба дастрасии кумаки молиявӣ ҳуқуқ доранд.

Кумаки тӯлкашида

Муҳлати амали барномаи пешини сесолаи қарзи ХБА, ки ин ниҳод ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 160 млн. доллар қарзи имтиёзнок дод, ҳанӯз моҳи июли соли 2012 ба итмом расида, тирамоҳи ҳамон сол раҳбарияти Тоҷикистон бо дархости кумак ба Хазина муроҷиат кард.

Намояндагони ХБА он замон изҳор доштанд, ки моҳҳои наздик мувофиқаи барномаи минбаъдаи сессола муяссар мегардад, вале муддати аллакай 6 сол аст, ки гуфтушунидҳо дар ин самт идома дошта, лекин натиҷаи мушаххасе ҳосил нашудааст.

Қадамҳо ба сӯи миллионҳо

Тобистони соли гузашта муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон барои дастгирии иқтисоди кишвар аз ХБА ба маблағи 500 млн. доллар қарзи имтиёзнок дастрас карданист.

Охири моҳи майи соли равон баъди таҳлили вазъи иқтисоди Тоҷикистон, ҳайати ХБА изҳор дошт, ки «барои барқарор кардани баррасии барнома бояд дар самтҳои асосии ислоҳот, ки аллакай барои он аз ҷониби мақомоти расмии Тоҷикистон кӯшишҳо ба харҷ дода шудаанд, иқдомҳои мушаххас сурат бигирад».

Аз ҷумлаи ин иқдомҳо таҳияи стратегияи миёнамуҳлати буҷетӣ, ки устувории вазъи қарзиро таъмин мекунад, арзёбии таъсири макроиқтисодии (ба афзоиш, содирот ва суботи вазъи қарз) лоиҳаҳои бузурги зербиноӣ ва ҳамчунин роҳандозии ислоҳоти бонкӣ номбар шуд.

Дар сафари моҳи сентябри ҳайати ХБА машварат дода шуд, ки раҳбарияти БМТ самтҳои мушаххаси ниёзманд ба кумакро муайян созад ва баъди гирифтани ҳуҷчати дахлдор, ХБА ба баррасии он дар сатҳи болоӣ омода аст.

Бидуни эътимод

Бархе аз коршиносон тӯл кашидани ҷараёни ҷудо шудани қарз ба Тоҷикистон аз ҷониби ХБА-ро ба ҳодисаи 8 соли пеш рабт медиҳанд, ки он замон ХБА ҳукуматдорони тоҷикро ба пешниҳоди «маълумоти носаҳеҳи молиявӣ» айбдор карда буд.

"Муносибат миёни ХБА ва Тоҷикистон ҳанӯз соли 2008 сард шуда будд, ки он замон собиқ раҳбарияти Бонки миллӣ ба Хазина дар бораи вазъъи иқтисоди Тоҷикистон маълумоти носаҳеҳ пешниҳод карда буд, – мегӯяд коршиноси масоили иқтисодӣ Нур Сафаров. – Баъди чунин ҳодиса ба даст овардани эътимод хеле душвор аст. Раҳбарияти кунунии БМТ дар ин смат хеле зиёд талош варзида, бо ҳамаи иштирокчиёни ин ҷараён кор мекунад, то ки барномаҳои ХБА барои Тоҷикистон барқарор шаванд".

Ба ақидаи ӯ, барои барқарор кардани идомаи ҳамкориҳо ва дубора боз шудани хати қарзии ХБА ба Тоҷикистон, шаффофият ва ҳисоботдеҳии низомҳои бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон хеле муҳим мебошад.

Соли 2008 ХБА ҳукуматдорони Тоҷикистонро ба пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ айбдор карда, баргардонидани қисмате аз воситаҳои ҷудошуда барои мубориза бо камбизоатӣ давоми солҳои 2004-2006 ба маблағи 48 млн. долларро талаб кард. Шӯрои мудирони ХБА он замон Душанбеи расмиро ба баргардонидани воситаҳо бо фоизҳояш уҳдадор кард.

Ба ҷуз баргардонидани воситаҳо, ХБА ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки дар Бонки миллӣ санҷиши аудиторӣ гузаронида, натиҷаҳояшро ба маърази ом гузорад. Дар фарҷом Хазина нисбати «хусусият ва миқёси пешниҳоди маълумоти носаҳеҳу беэътимод» таассуф изҳор намуда буд.

Дар навбати худ Бонки миллии Тоҷикистон ба иҷрои ҳама талаботи Хазина дар муҳлати муқарраршуда уҳдадор шуд, ки ин уҳдадорӣ минбаъд ба иҷро расид.

Чанде аз коршиносони дигар ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ тавсия медиҳанд, ки дар ниҳояти кор ба дархостҳои сершумори кумак хотима бахшида, ба рушди иқтисод дар дохили кишвар рӯ оваранд.

«Тоҷикистонро акнун лозим аст, ки аз кумаки беруна даст кашад, 25 сол аст, ки мо гранту қарз мепурсем. Ин ниҳоди молии ҷаҳонӣ шояд аз вазъи иқтисоди ҷумҳурӣ пай бурдааст, ки бе ин ҳам дар қарз ғӯтидаааст. Вазъи воқеии молиявии кишвар ба тавру возеҳу аён бозгӯи вазъ дар низоми бонкӣ аст. Аз ин рӯ, Хазина бо ҳар роҳу восита ин ҷараёнро тӯл доданист ва дар шакли мулоим аз анҷоми расмиёти пешниҳоди қарзи навбатӣ канор меравад», – мегӯяд иқтисодчӣ Раҳим Каримов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...