Тӯли 90 рӯз қарзи хориҷии Тоҷикистон ним миллиард доллар афзуд

Asia-Plus

Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи октябр аз 2,8 млрд. доллар зиёд шуд. Нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми он 2,3 млрд. долларро ташкил дода буд.

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молияи ҶТ, маблағи умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба санаи 1 октябри соли 2017 беш аз 2 млрд. 803 млн. долларро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии омори назди Президенти ҶТ.

Гуфта мешавад, дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ беш аз 2,1 млрд. доллар ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна 31,7млн. долларро ташкил медиҳад. Қарзҳои корхонаҳои давлатие, ки кафолати ҳукуматро надоранд, ба 31,5 млн. доллар баробар аст.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон 112 млн. долларро ташкил медиҳад, аз ҷумла 99,6 млн. доллар – ба Хазинаи байнулмилалии асъор, 8 млн. доллар – ба Чин ва боз 4,4 млн. доллар – ба Бонки исломии рушд.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон муддати се соли наздик ният дорад, ки аз хориҷи кишвар ҳудуди 850 млн. доллар қарз дастрас кунад. Ин ният дар Барномаи қарзҳои давлатии хориҷии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020 дарҷ ёфтааст, ки рӯзи 15 ноябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуд.

Ҳаҷми ҷалби қарзҳои хориҷӣ дар соли 2018 ба маблаги 196,5 млн. доллар, соли 2019 – 295,9 млн. доллар ва соли 2020 – 354,7 млн. доллар пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ба санаи 1 июли соли 2017 ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,3 млрд. долларро ташкил дода буд, ки ба 35,8 фоии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон айни замон Чин (Бонки содиротиву воридотии Чин) мебошад, ки беш аз нисфи қарз аз ҳаҷми умумӣ ба он рост омада, ҳаҷми он наздики 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Бонки исломии рушд ва Хазинаи байнулмилалии асъор низ ба маблағҳои нисбатан зиёд қарздор аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...