Ҷустуҷӯи зани «шояд дастдошта» ба гумшавии духтарчаи 9-сола дар бозори Истаравшан

Asia-Plus

Шуъбаи ВКД дар шаҳри Истаравшан занеро, ки шояд ба гумшавии Ганҷина Қаюмоваи 9-сола тобистони соли равон даст дошта бошад, мавриди ҷустуҷӯ эълон кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шуъбаи ВКД дар шаҳри Истаравшан дар ин робита иттилоъ дод, «баъди омӯзиши наворҳои сабти видео дар он рӯзи гумшавии Ганҷина, дида мешавад, ки як зани ношинос аз қафои ӯ мегардад».

«Маъмулан дар деҳот ҳама якдигарро мешиносанд, вале мо ҳам дар шаҳру ҳам дар деҳаҳои наздик сокинонро пурсидем, вале ҳеҷ касе ин занро намешиносад, – гуфт манбаъ. Ман тасдиқ карда наметавонам, ки маҳз ин зан Ганҷинаро дуздидааст».

Ба гуфтаи ӯ, мавҷуд набудани дигар маълумот дар бораи ин ҳодиса онҳоро водор кардааст, ки ин занро мавриди ҷустуҷӯ эълон кунанд, вале муддати як ҳафтаи баъди эълон, алҳол ба шуъба дар ин хусус ҳеҷ маълумоте нарасидааст.

Зимнан зикр гардид, ки агар касе дар ин бора маълумоте дошта бошад, метавонад бо телефонҳои  98 856 78 78; 92 642 02 00; 92 856 78 78 ва 93 938 99 99 хабар диҳад.

Уктам Қаюмов, падари Ганҷина ба шахсоне, ки духтари ӯро меёбанд, манзили дуҳуҷрагӣ ваъда мекунад ва умедвор аст, ки бо дарёфти зан «аз наворҳои камераҳои видео», духтараш низ ҳамроҳи ӯ пайдо мешавад.

«Агар ӯ дар ин ҷо зиндагӣ мекард, мо ӯро меёфтем. Мо аз ҳар кӯчаву маҳалла гузар карда, одамонро пурсидем, ҳатто то Айниву Панҷакент низ рафтем, лекин касе ин занро намешиносад», – қайд кард Қаюмов.

Ба гуфтаи номбурда, аксҳои Ганҷина дар Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон низ паҳн шудаанд, зеро пайвандону наздиконаш аз эҳтимол дур намедонанд, ки Ганҷина ба хориҷи кишвар бурда шуда бошад.

Ёдрас мекунем, ки хонандаи синфи 2-и мактаби №4-и шаҳри Истаравшан Ганҷина Қаюмова рӯзи 25 август дар бозори марказии шаҳр бедарак шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...