Оғози корҳои васлу насби тракторҳои беларусии «МТЗ» дар Ҳисор

Asia-Plus

Дар шаҳри Ҳисор маросими ифтитоҳи марказ оид роҳандозии корҳои васлу насби истеҳсоли тракторҳои ширкати «Минский тракторный завод»-и Беларус оғоз гардид.

Бино ба маълумоти сафорати Беларус дар Тоҷикистон, дар марҳилаи аввал анҷоми корҳои васлу насби 50 адад техникаи тамғаи «Беларус-80.1» ва «Беларус-82.1» дар назар буда, минбаъд то ба 300 адад дар як сол расонидани истеҳсоли ин навъи техника ба нақша гирифта шудааст.

«Хусусияти фарқкунандаи корҳои васлу насби марказ дар Ҳисор дар он ифода меёбад, ки истеҳсолот «аз сифр» шурӯъ шуда, он ба Қарори ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи иншооти махсусан муҳим» дохил мешавад», – қайд мешавад дар маълумот.

Зикр мегардад, ки давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ҷониби Беларус ба хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон беш аз 200 адад трактори истеҳсоли ҶСК «МТЗ» фиристодааст.

«Дар Ҳисор роҳандозии истеҳсоли техникаҳои кишоварзии ширкатҳои «Бобруйскагромаш» ва «Гомсельмаш, техникаи комммуналии «Минский автомобильный завод», техникаи оташнишонии «Пожснаб» ва техникаи махсуси «Амкодор» дар назар буда, мавриди истифода қарор додани коргоҳи бузурги васлу насб, ба истеҳсоли беш аз 10 номгӯи техника имкон хоҳад дод», – таъкид мешавад дар хабар.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар баробари роҳандозии истеҳсолот, корҳои ташкили маркази омӯзишӣ оид ба омодасозии мутахассисони ҳирфаӣ барои истифода ва хизматгузории техникаи кишварзии истеҳсоли Беларус низ ба нақша гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...