Талоши 2 дастаи футболи Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми AFC

Радиои Озодӣ

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ширкати худро дар мусобиқоти Ҷоми AFC-2018 рӯзи 7-уми марти соли оянда дар майдони худ шуруъ мекунад. Рақиби қаҳрамони Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ ғолиби ҷуфти плей-офф мешавад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар мавриди агар ғолиби Ҷоми Тоҷикистон – дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – тавонад ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот роҳ ёбад, онгоҳ «Истиқлол» дар ибтидои Ҷоми AFC-2018 рӯзи 7-уми март муқобили хуҷандиҳо бозӣ мекунад.

Ба ҷуз «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот қаҳрамони Қирғизистон – «Олой»-и Ӯш ва ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон, ки рӯзҳои наздиктарин маълум мешавад, мубориза мебаранд. Боз як ширкаткунандаи даври гурӯҳӣ дар минтақаи Марказӣ аз рӯи натиҷагирии бозиҳои плей-офф муайян хоҳад шуд.

Дастаи «Хуҷанд», ҷоизадори нуқраи мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии кишвар ва Ҷоми Тоҷикистон, ба мубориза барои Ҷоми AFC-2018 аз даври плей-офф шуруъ менамояд. Рақиби «Хуҷанд» дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми AFC ғолиби ҷуфти даври пешакӣ миёни барандаи Ҷоми Қирғизистон – «Дордой»-и Бишкек ва ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон мегардад.

Дастаи “Хуҷанд” нахустин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми AFC-2018 рӯзи 13-уми феврал дар меҳмонӣ, бозии ҷавобиро 20-уми феврал дар майдони худ анҷом медиҳад.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ 7-уми март оғоз ёфта, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-218 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.

Ҳамчунин дар ин робита Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) рейтинг ё феҳрасти нави техникӣ ё фанниро эълон кард, ки маҳз бар асоси ин рейтинг квотаҳо барои ширкат дар мусобиқаҳои бошгоҳии AFC дар солҳои 2019-2020 тақсим карда мешавад.

Тоҷикистон дар рейтинги нав бо 30,433 имтиёз дар байни 46 федератсияи миллии AFC ҷойгоҳи 12-ум ва дар минтақаи “Ғарб” мақоми 7-умро касб кардааст, ки ин имкон медиҳад Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар даври пешакии Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар мавсимҳои 2019-2020 мушарраф шавад. Ин маънои онро дорад, ки қаҳрамони Тоҷикистон-2018 ҳуқуқи иштирок дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019-ро аз марҳилаи пешакӣ ба даст меорад.

Дар мавриди агар қаҳрамони Тоҷикистон ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC роҳ ёбад, онгоҳ дар Ҷоми AFC-2019 ҷоизадорони нуқра ва биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2018 иштирок мекунанд. Агар бошгоҳи зӯртарини Тоҷикистон ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо роҳ ёфта натавонад, онгоҳ ширкати худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 идома медиҳад.

Бояд гуфт, ки барои гирифтани иҷоза ҷиҳати ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC дар мавсимҳои 2019-2020 қаҳрамони Тоҷикистон бояд аз тасрифоти ҳатмии парвона ё литсензия гузарад. Бошгоҳ бидуни парвона ба мусобиқоти асосии бошгоҳии Осиё роҳ дода намешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...