Эмомалӣ Раҳмон – шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Урдун

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири ҳафтаи гузашта бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун раҳсипор гардида, дар ин сафар Сарвари давлатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, молия, кишоварзӣ, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳзода Алия Президенти Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Шоҳигарии Ҳошимии Урдун самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ҷараёни сафар Президенти Тоҷикистон бо Раиси шаҳри Аммон Юсуф Шаварбеҳ мулоқот карда, бо итминон иброз дошт, ки Тоҷикистон ва Урдун, бо такя ба алоқамандии амиқи таърихӣ, робитаҳои гуногунҷанбаи худро тавсеа бахшида, ҳамкориҳояшонро ба сатҳи сифатан нав хоҳанд баровард.

Сипас, Юсуф Шаварбеҳ саҳми арзанда ва талошҳои созандаи Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар, таҳкими дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистону Урдун таъкид дошта, дар вазъияти тантанавӣ ба Эмомалӣ Раҳмон Калиди рамзии тиллоии шаҳри Аммонро тақдим кард, ки ҳамин тавр Сарвари давлати Тоҷикистон соҳиби Унвони олии – Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун гардид.

Рӯзи дуюми сафар Президенти Тоҷикистон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн дидору гуфтушунид карда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон Урдунро ҳамчун давлати бонуфузи минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони ислом эътироф мекунадин кишвар омода аст.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Эъломияи муштараки кишварҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ қабул шуда, дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ва ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ созишномаҳо ба имзо расиданд.

Худи ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал-Мулкӣ мулоқот карда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон ва Урдун баҳри тавсеаи ҳамкорӣ ва ба сатҳи баландтар баровардани онҳо имконоти фаровон доранд ва Тоҷикистон омода аст, бо дарназардошти манфиатҳои миллии ду кишвари дӯст, тамоми воситаҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳоямон истифода барад.

Баъди анҷоми мулоқот оид ба бекор кардани раводид барои дорандагони шиносномаи дипломатӣ, ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, дар соҳаи фарҳанг ва санъат ва дар соҳаи сайёҳӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирати Урдун Ёддошти тафоҳум дар бораи машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ, ҳамчунин байни Палатаи савдо ва саноати кишварҳо сзишномаи ҳамкорӣ ва созишнома оид ба таъсис додани Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Урдун ба тасвиб расиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.