Давраҳои омӯзишии онлайни ДДХР барои кӯдакони оилаҳои муҳоҷирон

Барои ҳарчи зудтар мутобиқшавии кӯдакон аз оилаҳои муҳоҷирон дар Русия ва беҳтар азхудкунии барномаи таълимии мактабҳои ин кишвар, дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (ДДХР) ба номи Патрис Лумумба таҳти унвони «Академияи ҷангал» (Лесная академия) як силсила давраҳои омӯзишии бепули онлайн таҳия намуданд. Давраҳои омӯзишӣ (курсҳо) ба кӯдакони синни аз 5 то 10-сола аз оилаҳои муҳоҷирони […]

Asia-Plus

Барои ҳарчи зудтар мутобиқшавии кӯдакон аз оилаҳои муҳоҷирон дар Русия ва беҳтар азхудкунии барномаи таълимии мактабҳои ин кишвар, дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (ДДХР) ба номи Патрис Лумумба таҳти унвони «Академияи ҷангал» (Лесная академия) як силсила давраҳои омӯзишии бепули онлайн таҳия намуданд.

Давраҳои омӯзишӣ (курсҳо) ба кӯдакони синни аз 5 то 10-сола аз оилаҳои муҳоҷирони муқими Русия пешбинӣ шуда, аллакай тариқи онлайн дар портали Таҳсилоти касбии иловагӣ дастрас мебошанд.

Барнома аз 6 давраи омӯзишии онлайн иборат аст:

«Гуфтори нек. Мактаби ибтидоии ахлоқу рафтори русӣ». Ин курс ба омӯзиши забони русӣ ва фарҳанг нигаронида шудааст.

«Россия дар харитаи ҷаҳон». Дар ин давра аз ҷуғрофияи ин кишвар, аҳолии муқими он, рушди хоҷагидорӣ ва махсусиятҳои минтақаҳо метавон огаҳӣ пайдо кард.

«Ҳуқуқҳои худро бидон». Дар машғулиятҳои ин давраи омӯзишӣ доир ба ҳуқуқ ва фарҳангӣ ҳуқуқӣ маъумот дода шуда, он ба тарбияи таҳаммулпазирӣ нисбати якдигар равона шудааст.

«Таърихи Россия дар намунаи ҳамватанони машҳур». Дар ин курс кӯдакон бо таърихи халқиятҳои гуногуни Россия, шахсиятҳои маъруфи ин кишвар, ки дар рушди давлатдории он саҳми беандоза доранд, шинос мешаванд.

«Ҳамроҳ саводнок мешавем». Дастгирии инттилоотӣ ва методии волидони кӯдакон, ки ба рушди малакаҳои саводнокии кӯдакон дар шароити дузабонӣ мусоидат мекунад.

«Фарҳанги Россияро меомӯзем». Машғулиятҳои ин курс барои дар рӯҳияи кӯдакон бедор кардани муносибати мусбат ба расму оинҳои мардуми Россия кумак мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.