Бозхонди иҷозатномаи боз се ташкилоти қарзии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) фаъолияти се ташкилоти қарзии хурд – «Зироат-04», «Ганҷ-2006» ва «Диси инвест»-ро қатъ кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар қарори аз 7 декабр қабулшудаи раёсати Бонки миллӣ қайд мешавад, ки бинобар оғози расмиёти барҳамдиҳӣ фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурди зикршуда қатъ карда шуданд. «Дар асоси қарорҳои зикршуда иҷозатномаҳои ташкилотҳои қарзии хурди […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) фаъолияти се ташкилоти қарзии хурд – «Зироат-04», «Ганҷ-2006» ва «Диси инвест»-ро қатъ кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар қарори аз 7 декабр қабулшудаи раёсати Бонки миллӣ қайд мешавад, ки бинобар оғози расмиёти барҳамдиҳӣ фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурди зикршуда қатъ карда шуданд.

«Дар асоси қарорҳои зикршуда иҷозатномаҳои ташкилотҳои қарзии хурди «Зироат-04 », “Ганҷ-2006” ва “Диси инвест”, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуданд», – омадааст дар маълумоти Бонки миллӣ.

Гуфта мешавад, ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои мазкур дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллӣ омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.

Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи ду ташкилоти қарзии хурд – «Дурнамои деҳоти Рӯдакӣ» ва «Фермер»-ро бозхонд карда буд. Ҳамин тариқ, шумори ташкилотҳои қарзии хурд дар низоми бонкии ҷумҳурӣ то 7 адад кам шуд.

Қобили зикр аст, ки айни замон ҳамчунин 24 ташкилоти қарзии дигар, аз ҷумла ду бонк – «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Давоми чанд соли охир иҷозатномаҳои ташкилотҳои сершумори қарзӣ бозхонда шуда, сабаби аслии ин раванд камбуди захираҳои молӣ унвон мешавад.

Дар қаламрави Тоҷикистон айни замон 17 бонк, 7 ташкилоти қарзии хурд, 33 ташкилотҳои амонатии хурд ва 34 фондҳои қарзии хурд фаъолият доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.