Ходими Академияи илмҳо Бедилро таҳқир ва аз кор рафт

Asia-Plus

Ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Фозил Фатҳуллоев, ки дар саҳифаи Феесбукии хеш яке аз бузургтарин намояндагони илму адаби тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедилро дашном дода буд, аввалан аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар барои ин кирдори нобахшиданиаш узр хост. Бино ба иттилои сомонаи расмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, сипас дар таърихи 8-уми декабри соли равон […]

Ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Фозил Фатҳуллоев, ки дар саҳифаи Феесбукии хеш яке аз бузургтарин намояндагони илму адаби тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедилро дашном дода буд, аввалан аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар барои ин кирдори нобахшиданиаш узр хост.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, сипас дар таърихи 8-уми декабри соли равон бо хоҳиши худ тибқи моддаи 41 –уми Кодекси меҳнати ҶТаз кор рафт.  Дар маълумоти Академияи илмҳо қайд мешавад, ки аммо нақши манфие, ки номбурда дар зеҳни ҳазорон нафар хонандагони тоҷик гузоштааст, ҷубронпазир нест ва чунонки худи Абулмаонӣ мегўяд:

Ёрони замона бадгуҳар мебошанд,

Дилкубу дурушту хирасар мебошанд,

Аз хушкмизоҷӣ чу муҳраҳои шатранҷ,

Хишти сари рӯи якдигар мебошанд.

Ҷои дигар ҳазрати Абулмаонӣ вуҷуди афроди камхирадро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тазаккур дода, ононро дар як гурўҳ бо сутурон мегузорад:

Ай бехабар, аз камхирадон шиква чӣ лозим,

Одам набувад он, ки зи ҳайвон гила дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки воқеан, нуфуз доштани фарҳанги бегона дар зеҳни тоифае аз ҷавонони Меҳан шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷаҳонбинии сиёсии онҳо ҳама гуна мейёрҳоро таҷовуз намуда, эҳсоси бадбиниро дар вуҷудашон нисбат ба гузаштагони соҳибандешаи тоҷикон эҷод менамояд, чунки инсони аз худ воқиф ҳатто душмани хешро таҳқиру надомат намекунад, дар ҳоле ки Фозил Фатҳуллоев пеш аз ҳама бо суханони таҳқиромезаш танҳо шахсияти худро таҳқир намудааст.

«Ин ки бархе аз ҷавонони мо аз фарҳангу тамаддуни бегона таъсири беандозаро пазируфтаанд, ҷои баҳс нест, аммо рўоварии онҳо бар бегонагон нишонаи камхирадӣ маҳсуб мегардад. Ҷои таассуф мебошад, ки инчунин ашхоси бехабар ва фурумоя дар ҷомеа дар паҳлўи мову шумо қадам мегузоранд ва миллат аз рафтору пиндору гуфторашон таҳқир мешунавад», – омадааст дар маълумоти Акдемияи илмҳо

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...