Кӯдакони мактаби махсус дар меҳмонии кормандони ДТММ ВКД

Asia-Plus

Тарбиятгирандагони мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ бо мусоидати Ташкилоти ҷамъиятии «Маъюбони ҷанги Афғонистон» аз маркази асосии Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ДТММ,ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон боздид карданд. Меҳмононро роҳбари ДТММ генерал майор Хуршед Маҳмадзода пешвоз гирифта, ба онҳо доир ба нақши ДТММ дар таъмини амнияти ҷумҳурӣ шинос кард. Тарбиятгирандагон ҳамчунин бо техникаи махсуси ин воҳиди милитсия, аз қабили  «Тигр» […]

Тарбиятгирандагони мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ бо мусоидати Ташкилоти ҷамъиятии «Маъюбони ҷанги Афғонистон» аз маркази асосии Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ДТММ,ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон боздид карданд.

Меҳмононро роҳбари ДТММ генерал майор Хуршед Маҳмадзода пешвоз гирифта, ба онҳо доир ба нақши ДТММ дар таъмини амнияти ҷумҳурӣ шинос кард. Тарбиятгирандагон ҳамчунин бо техникаи махсуси ин воҳиди милитсия, аз қабили  «Тигр» и «Хаммер», мошинҳои бокаши махсус бо обпошакҳо, техникаи зиреҳпӯш ва ғайра аз наздик шинос шуданд.

Сипас наврасон тамринҳои кормандони Дастаи таъиноти махсуси милисаро зимни амалиёти безарар гардонидани гурӯҳи мусаллаҳ дар бинои бисёрошёна тамошо каррданд. Ҳамчунин сагҳои омӯзонидашуда низ маҳорату малакаи худро дар дарёфти бехатои силоҳи пинҳоншуда ва маводи тарканда намоиш доданд.

Ғайр аз ин, кӯдакону наврасон аз майдони тамринии тирандозии воҳиди Дастаи таъиноти махсус низ боздид намуда, дар фарҷом наврасонро бо оши палови бомаза ва шириниҳо зиёфат карданд.

– Таассуроти кӯдакону наврасон аз ин боздид хеле хубу пандомӯз аст. Чунин боздидҳо барои тарбиягиранагони мо хеле муфиданд, аксари онҳо оянда кормандони милитсияву низомӣ шуданианд. Умедворам, ки боздид аз ин воҳиди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба тарбияи онҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба ватан кумак мекунад, – мегӯяд муовини директори қисми тарбиявии мактаби махсус Малоҳат Эмомова.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...