Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС – Дар Маркази исмоилияи Душанбе аз соати 13:00 то 15:00 бахшида ба ҷашни зодрӯзи Волоҳазрат Оғохон барномаи фарҳангӣ доир мегардад. Дар барномаи Мавлуди Муборак овозхонҳои шинохта Шуҳрат Сайнаков ва Фирӯз Паллаев ҳунарнамоӣ мекунанд; – Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Д.Дӯстмуҳаммедов «Қишлоқи тиллоӣ» намоиш дода мешавад; – Дар […]

АНОНС

– Дар Маркази исмоилияи Душанбе аз соати 13:00 то 15:00 бахшида ба ҷашни зодрӯзи Волоҳазрат Оғохон барномаи фарҳангӣ доир мегардад. Дар барномаи Мавлуди Муборак овозхонҳои шинохта Шуҳрат Сайнаков ва Фирӯз Паллаев ҳунарнамоӣ мекунанд;

– Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Д.Дӯстмуҳаммедов «Қишлоқи тиллоӣ» намоиш дода мешавад;

– Дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Бонки ҷаҳонӣ дар мавзӯи саводнокии молиявӣ брифинги матбуотӣ баргузор мекунад. Оғоз соати 09:30.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8240 сомонӣ;

1 евро – 10.4070 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1491 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2007 — Дар Душанбе ҷаласаи сеюм дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор шуд.

2010 — Дар Брюссел ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон доир гардид.

2011 – Президенти Тоҷикистон аз ширкатҳои Siemens ва Bosch боздид намуда, бо Олмон се санадро ба имзо расонид.

1826-1897 — Зодрӯзи нависанда, шоир ва рассом Аҳмади Дониш.

1916-1996 – Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нерё Аминов.

1924-2001 – Зодрӯзи ходими ҷамъиятӣ Рауф Додобоев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -4+1.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +1+6.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона +1+6; дар шарқ шабона -11-16, рӯзона -3+2.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот (борону барф)

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -3+2.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +6+8.   

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона 0-2.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.