Писари роҳбари хадамоти гумрук сардори РКҶ ВКД таъин шуд

Шоҳрух Саидзода, писари сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ (РКҶ)-и ВКД Тоҷикистон таъин шуд. Фармон дар бораи тасдиқи ӯ дар ин вазифаро имрӯз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба имзо расонидааст. Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, Саидзода Шоҳрух – подполковники милитсия, таваллудаш 30-уми августи соли 1986, миллаташ тоҷик. Айни замон дар факултети […]

Asia-Plus

Шоҳрух Саидзода, писари сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ (РКҶ)-и ВКД Тоҷикистон таъин шуд.

Фармон дар бораи тасдиқи ӯ дар ин вазифаро имрӯз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба имзо расонидааст.

Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, Саидзода Шоҳрух – подполковники милитсия, таваллудаш 30-уми августи соли 1986, миллаташ тоҷик. Айни замон дар факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунанда таҳсил намуда истодааст. 

Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла, ба ҳайси муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 19 апрели соли 2017 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуд.

Саидзода Шоҳрух барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва ҳамчунин барои зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» сарфароз гардонида шудааст.

Саидзода Шоҳрух дар баробари фаъолияти хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дар корҳои ҷамъиятии кишвар фаъолона иштирок намуда, дар рушду нумӯи соҳаи варзиш, аз он ҷумла футбол ва якҳарбаҳои шарқӣ саҳми назаррас мегузорад.

Ҳамчунин ӯ узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти дастаи футболи «Истиқлол» мебошад. Ӯро ҳамчунин дӯсти наздики писари президенти мамлакат Рустами Эмомалӣ медонанд.  Соҳиби ду маълумоти олӣ – иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ буда, аз соли 2012 дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғули кор аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.