Мушкили қабули пулҳои нав дар терминалҳо ба наздикӣ ҳал мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон маълумот медиҳад, ки то охири ҳамин сол мушкили аз ҷониби терминалҳо қабул нашудани пулҳои коғазии намунаи соли 2017-ро бартараф мекунад.

Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи Бонки миллӣ қайд мешавад, ки аввали моҳи сентябр пулҳои коғазии арзишашон 10, 20, 50 ва 100 сомонии намунаи соли 2017 бо дарназардошти унсурҳои иловагии ҳимоявӣ ба муомилот бароварда шуданд.

«Айни замон пулҳои коғазии мазкур дар ҳудуди кишвар ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо бе ягон маҳдудият мавриди истифода қарор доранд, -омадааст дар маълумот. – Инчунин, пулҳои коғазии намунаи соли 2017 дар аксарияти терминалҳои худкори худхизматрасони ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои тиҷоратие, ки бо қабули маблағҳо машғуланд, қабул шуда, дар баробари ин, дар якчанд ташкилотҳои қарзӣ то ҳол ҳангоми қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017 тавассути терминалҳои худкор мушкилот ба назар мерасад».

Зикр мегардад, ки таъминоти барномавии навкардашудаи ширкате, ки ҳиссаи зиёди пулқабулкунакҳои терминалҳои худкор дар кишвар ба ин истеҳсолкунанда мансуб мебошад, дар терминалҳои худкори ташкилотҳои қарзӣ насб карда шудааст.

«Аммо бо сабаби мавҷуд будани носозиҳои техникӣ дар фаъолияти таъминоти барномавӣ, он ба истеҳсолкунанда барои такмил баргардонида шуд ва то бартараф кардани носозӣ, муваққатан таъминоти барномавии пешина ба кор андохта шуд», – шарҳ дода мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, тибқи маълумоти ташкилотҳои қарзӣ то охири моҳи декабри соли 2017 носозиҳо дар таъминоти барномавии пулқабулкунакҳои терминалҳои худкор бартараф карда шуда, қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017 пурра таъмин карда мешаванд.

«Айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар маҷмӯъ 1 ҳазору 518 адад терминалҳои худкори худхизматрасон барои ҷамъоварии пардохтҳо насб карда шудааст, ки беш аз аз 60 фоизи онҳо қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017-ро бе ягон мушкилӣ таъмин намуда истодаанд», – таъкид мекунанд дар Бонки миллӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки масъалаи зикргардида аз ҷониби сохтори дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки мушкили муомилот бо пулҳои коғазии нави намунаи соли 2017 аллакай муддати чор моҳ идома дорад: терминалҳои пардохт пулҳои навро нашинохта, маблағ бо онҳоро барои пардохт қабул намекунанд.

Масалан, барои гузаронидани маблағ ба тавозун (баланс)-и телефон мардумро лозим меояд, ки пулҳои коғазии сомонии намунаи соли 1999-ро бо худ дошта бошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.