Уҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои журналист ҳангоми фаъолияти касбӣ

Аҳлиддин Салимов

Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” лоиҳае вобаста ба  “Ёрии ҳуқуқӣ ба намояндагони ВАО”-ро амалӣ намуда истодааст, ки самти он ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ мусоидат намудани риояи ҳуқуқӣ ба  намояндагони ВАО равона гардидааст.

Дар доираи лоиҳа қабулгоҳи махсусӣ ҳуқуқӣ барои расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба рузноманигороне, ки ҳуқуқҳои онҳо вобаста ба фаъолияти касбиашон поймол гардидааст, ташкил карда мешавад. Ба онҳо метавонанд маслиҳатҳои ҳуқуқии шифоҳӣ ва хаттӣ, инчунин барои пешниҳод намудани дархостҳо ба мақомотҳои давлатӣ (ҳифзи ҳуқуқ, судӣ ва ғ.) мусоидат намоянд.

Агар рӯзноманигор ба вазъияти ногувор афтад, вобаста ба фаъолияти касбиашон – дастгир шаванд ё ин, ки нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардад, дар ҳолати муроҷиат намуданашон, аз лаҳзаи дастгир шудан ва инчунин дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ хизматрасонии адвокат пешниҳод карда мешавад.

Мо лозим донистем оид ба ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои журналист дар самти фаъолияти касбии рӯзноманигорӣ фикри ҳуқуқшиносонро гирем. 

Абдураҳмон Шарипов, ҳуқуқшиноси  ТЧ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” дар мавриди муроҷиати журналистон барои ёрии ҳуқуқӣ ҳангоми таҳияи матлаби журналистӣ аз мушоҳидаҳо ва таҷрибаи кориаш ба мо гуфт: “Вақте журналистон ба мо барои ёрии ҳуқуқӣ расонидан муроҷиат мекунанд мо сараввал бо онҳо мусоҳиба мекунем ва дар вақти мусоҳиба муайян мекунем, ки то вақти ба ҳуқуқшинос муроҷиат кардан чӣ амалҳоро барои паҳн кардани иттилоот иҷро кардаанд.  Маълум мешавад, ки дар баъзе ҳолатҳо қисман норасоиҳо дар тайёр кардани маълумот дар фаъолияти журналистон мушоҳида мешавад. Мо ҳуқуқшиносон бо қонун муқоиса карда ба онҳо тавсия медиҳем, ки ин норасоиҳо бартараф карда шаванд. Яъне, тавозун дар мақолаи танқидӣ ҳатман риоя карда шавад. Фикри намояндаи он ташкилот ё идорае, ки мавриди танқид қарор мегирад, бояд аз тарафи журналист назари онщо гирифта ва дарҷ шавад”.

Уҳдадориҳои журналист:  

Ҳуқуқшиноси дигари ин ташкилот Гулгуна Шозодаева дар бораи ҳуқуқҳои дастрасии журналист ба иттилоот ва ҳуқуқҳои ӯ ҳангоми кори амалӣ аз қонунгузории ҷории кишвар мисол овард: “Дар модаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҳуқуқҳои журналист ба таври зайл оварда шудааст: “Журналист ҳуқуқ дорад: ахборро ҷустуҷӯ,  дастрас, таҳрир ва интишор намояд, вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсӯҳбат шавад,  ҳамагуна далелро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникии аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, ғайр аз мавридҳое, ки қонун манъ кардааст,  бо нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ дар маҳалҳои махсус муҳофизатшавандаи офатҳои табиӣ, садама, маҳалҳои бетартибӣ ва ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, инчунин дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи фавқулодда эълон шудааст, дар гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳо ҳузур дошта бошад,  зимни санҷиши далелу ҳолатҳои вобаста ба маводи дастрасгардида ба мутахассисон муроҷиат намояд,  аз навиштани маводи хилофи эътиқодаш даст кашад,  иттилоот ва маводи омоданамудаашро бо номи худ ва ё номи шартӣ (тахаллус) интишор намояд, барои ройгон дастрас намудани иттилоот тавассути дархости журналистӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳои касбӣ ба ҳуҷҷатҳои расмӣ дастрасӣ дошта бошад,  аз зери ахборе, ки мазмуни он, ба фикри ӯ, дар рафти таҳрири редаксияи воситаи ахбори омма таҳриф шудааст, номашро гирад, оид ба нигоҳ доштани сирри муаллифӣ пешакӣ гуфтугӯ кунад”.

Ҳуқуқҳои журналист: 

Шоира Давлатова, сарвари иҷроияи ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” бар ин назар аст, ки тибқи  ҳуҷҷатҳои байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст аз ҷумла “Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиесӣ” ба ғайр аз ҳуқуқҳои озодии баён, инчунин маҳдудиятҳои муайян низ пешбинӣ шудаанд. 

Ба ақидаи ҳуқуқшинос Шоира Давлатова, тибқи ҳуҷҷати зикршуда ҳуқуқи озодона изҳор намудани ақидаи худ аз  – ҷустуҷӯ  кардан,  ба  даст  овардан ва паҳн намудани ҳама гунна маълумот ва ғоя,  сарфи назар аз марзҳои давлатӣ  дар шакли шифоҳӣ,  хаттӣ  ё тавассути  матбуот  ё  дигар шаклҳои бадеӣ изҳор (бо интихоби худ иборат аст) намояд.  Истифодаи  ҳуқуқи озодона баён намудани ақидаи худ  ӯҳдадориҳо ва масъулияти махсусро тақозо  менамояд.  Азбаски ҳуқуқи озодона баён кардани ақидаи худ ҳуқуқи мутлақ нест, он метавонад дар ҳолатҳои муайян, ки тавассути қонун муқаррар карда шудаанд ва иҷрои онҳо бо мақсадҳои эҳтироми ҳуқуқ ва обрӯи ашхоси дигар, ҳифзи амнияти давлатӣ,  тартиботи ҷамъиятӣ,  саломатӣ ё ахлоқи аҳолӣ зарур мебошад, маҳдуд кард шавад.

Ба ақидаи ин ҳуқушиносон риоя накардани уҳдадориҳо ва надонистани ҳуқуқҳои касбӣ журналистонро ба мушкилӣ рӯ ба рӯ месозад, ки то ба баҳсҳои судӣ оварда мерасонад.

Намояндагони ин ташкилот изҳор медоранд, ки ба ҳама журналистон барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ омодаи ҳамкорӣ ҳастанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...